Интиқоли Олимпиада аз Рио ба Лондон баъди Ҷоми Ҷаҳон баррасӣ мешавад
Интиқоли Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар соли 2016 аз Рио-де-Жанейро ба Лондон имконпазир аст.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ баъди анҷоми Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол ё Ҷоми ҷаҳон-2014, ки мизбонияшро Бразилия бар душ дорад, ин масъаларо ба баррасӣ хоҳад гирифт, хабар меиҳад "Р-Спорт".
Қаблан, The Evening Standard иттилоъ дода буд, ки масъулони сатҳи баланди кумитаи байналмилалии олимпӣ бо Лондон мулоқотҳои пинҳонӣ анҷом додаанд. Гуфта мешавад, дар ин мулоқот масъалаи ба Лондон гузарондани Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз Рио-де-Жанейро баррасӣ шудааст. Ин мақомдорон гуфтаанд барои Бразилия бо танафуси ду сола баргузор кардани ду сабқати бонуфуз душвор аст ва ҳам иншоотҳо дар вақти лозим мавриди баҳрабардорӣ қарор дода намешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |