Бахшҳо

Баҳсҳои марзӣ бо ҳузури Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев

Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи мушаххас кардани хатти марзи ду кишвари ҳамсоя рӯзи 12 май дар Душанбе оғоз ёфт. Дар ин музокирот Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш -- Абдураҳмон Маматалиев ҳузур доранд.

Аз ҷузъиёти ин гуфтушунид, ки паси дарҳои баста дар бӯстонсарои ҳукумат мегузарад, то ҳол иттилои комил дар даст нест. Вале як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон гуфт, дар оғози музокирот омода намудани тарҳи созишнома байни Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи сарҳади давлатӣ баҳс шуда, эҳтимол ҳаводиси ахир дар марзи ин ду кишвар низ баррасӣ гардад. Ба қавли мусоҳиби мо, ин музокирот тӯли ду рӯз дар пойтахти кишвар идома хоҳад дошт.

Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд. Рӯзи ҳафтуми майи соли ҷорӣ дар пайи чунин даргирӣ, ки дар роҳи байни Ворух ва Оқсой рух дод, аз ду тараф даҳҳо захмӣ боқӣ монданд.

Баъдан, Вазорати умури хориҷии Қирғизистон сафири Тоҷикистон дар Бишкекро эҳзор карда, ба ӯ номаи эътирозӣ супурд ва хостори таҳқиқи ҳарчи зудтари ин қазия гардид. Мақомоти тоҷик расман ин ҳодисаро шарҳ надода, Вазорати умури хориҷии кишвар бо як иттилоияи кӯтоҳ иктифо кард.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)