Бахшҳо

Виктор Никитюк аз Русия интиқод кард; Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода – тарафдорӣ

Виктор Никитюк, сафири Украина дар Тоҷикистону Афғонистон, аз сафари мувофиқанашудаи Владимир Путин -- раисиҷумҳури Русия ба Қрим ва шаҳри Севастопол, ки 9 майи соли ҷорӣ сурат гирифт, интиқод намуд.

Дар изҳороти паҳнкардаи сафорати Украина дар Душанбе, аз ҷумла омадааст: “Боздиди Путин аз қаламрави муваққатан ғасбкардаи Русия баёнгари он аст, ки Русия амалан аз як кишвари озодкунандаи солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон феълан ба як кишвари зӯровар ва роҳбаронаш монанди фашистҳои Олмон ба ҷангандозҳо табдил ёфтаанд.”

Никитюк дар идома меафзояд, роҳбарони феълии Русия ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки худро ворисони ғолибон дар ҷанги дуюми ҷаҳон номанд: “Шахсияти Путин ва сиёсати пешгирифтааш дар шароити феълӣ Рӯзи Ғалаба ва муборизаи муштараки халқи Украина ва Русияро бо фашизм доғдор мекунад.”

Ин дар ҳолест, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, руҳонии саршинос ва сиёсатмадори тоҷик, дар суҳбат бо бахши русии Би-би-сӣ зидди табадуллот ва сарнагун кардани ҳукумат аз роҳи зӯроварӣ дар Украина баромад карда, аз иқдомгирии Русия дар мавриди Қрим ҳимоят намудааст. Ӯ гуфтааст, “асосан зидди табаддулот, зидди сарнагуни ҳукумат бо роҳҳои зӯроварӣ мебошам. Аз ин рӯ, аз ҷонибдорони майдони Украина ҳимоят намекунам.”

Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, хонаводаи онҳо сарнагунии ҳукумати Виктор Янукович, раисиҷумҳури фирории Украинаро ғайриқонунӣ медонанд: “Ба ҳамин хотир, ман иқдомгирии Русия алайҳи Украинаро ҷонибдорӣ мекунам. Бо ин ҳол, Ғарб иддаогари волоияти қонун, дар мавриди Украина Сарқонуни ин кишварро нодида гирифт. Албатта, бояд гуфт, ман ҷонибдори худи Янукович ё низоми ӯ нестам, вале мутмаин ҳастам, ки инҷо мухолифони украинӣ ба хатогӣ роҳ доданд. Агар онҳо то давраи поён ёфтани раёсати Янукович сабр мекарданд, ба ин ҳадафи худ бидуни хунрезӣ мерасиданд. Дар интихоботи оянда онҳо ғолиб мебаромаданд.”

Ин руҳонии маъруфи тоҷик мегӯяд, ҳаводиси Украина ба ӯ солҳои 90-уми Тоҷикистонро ба ёд меорад, ки чи гуна раисиҷумҳури қонунӣ ва баргузидаи кишвар Раҳмон Набиевро аз роҳи зӯроварӣ ба истеъфо фиристоданд. Албатта, паёмади онро ҳамаи мо медонем, ки оқибат ба задухӯрдҳои мусаллаҳона ва хунрезиҳо мунҷар шуду аз худ ҳазорҳо қурбонӣ бар ҷой гузошт.
Мӯҳр
Тахамулпазир
Ба номи Яздони Пок, ки Хочи Акбар аз тачрибаи рузгор харф мезанад.
Бирав зи тачрибаи рузгор бахра бигир,
Ки туро бахри дафъи хаводис ба кор ояд.

“Боздиди Путин аз қаламрави муваққатан ғасбкардаи Русия баёнгари он аст, ки Маскав амалан аз як кишвари озодкунандаи солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон феълан ба як кишвари зӯровар ва роҳбаронаш монанди фашистҳои Олмон ба ҷангандозҳо табдил ёфтаанд.”

Шахрванд аз Душанбе
Фикру андешахои Хочи Акбар Турачонзодаро дастгири мекунам. Накшае, ки хочахои гарби, аз чумла ИМА ба Украина тахрези карданд, "хизмати хирсона" аст.

дар украина хунтаи фашистй ки онро амрико ба воя расонидааст сар боло карда халки бегунохи сарзаминашро нест карда истодааст.

исо вахдат
ин чанг ба фикрам дароз давом мекунад камаш 5 сол

рафик виктор никитюк дониста бошед ки гитлер капут шудагй.о хамин украинаи шумо то инкилоби Октябр азони Росия буду миллати украин вучуд надошт шумоенро малороссы мегуфтанд ва маконатонро Окраина яъне кунчи кишвар будед.Холо чи аз таърихи худатон ру мегардонед?Таърихро инкор карда намешавад!

Али
Вакте гуфтанд, ки Туразода агенти КГБ СССР буд, хама доду войро бардоштанд, ки ин дуруг асту тухмат. Аз аввалин баромадаш, то имруз ягон баромадеашро бигуед, ки тарафдории Точикистонро бар зидди Россия карда бошад? Аммо хамаашон, дар умум бараксанд. Тарафдории Россия бар зидди Точикистон. Яъне у агенти ФСБи имруза аст. Аз фашистии украинихо танхо нафароне мегуянд, ки дар Украина набуданд.

Чи хуб мешуд, агар мулло муллоги мекарду сиёсатмадор сиёсатмадори. Турачонзода дар миёни харду мондааст ва намедонад, ки ба кадом кор машгул шавад. Маълум аст, ки Турачонзода мисли хамелеон худашро таъгир медихад. Вобаста ба манофеи шахсияш гохе худро чонибдори Рус нишон медихаду гохи дигар зидди ин миллат. Аз ин суханронияш маълум, ки боз нияти сафар ба ФР- ва нарз ситонидан аз мухочиронро дорад. Метарсад, ки мабодо аз ончо депорт нашавад. Ахсант ба ин каллаат.

ффф
Ин Хочи Акбара чи буданаш маълум нест. Як дам инсунай як дам онсу......Ачибай.

Ба фикри ман мо бояд Ватанамонро химоя намоем.

Дар мачмуъ тахлили вазъи кунунии Украина аз он гувохи медихад, ки як давлати пешрафтаи аврупо бинобар мухолифатхои манфиатхои давлатхои абаркудрати чахон, ба майдони чанги шахрванди мубаддал гашта, эхтимоли аз байн рафтани як давлати сохибистиклол ба миен омаддаст. Аз ин лихоз, гуфтахои чаноби Турачонзода вобаста аз чониби Руссия аз худ шудани як кисми чудонашавандаи Украина бар хилофи талаботхои конунгузори ва ахдномахои байналмилали мебошад.

айнан хамин корро душманони халки точик дар аввали солхои 90-ум бо Чумхурии Точикистон низ кардани буданд. Вакте Ватан дар огуши чанги шахрванди карор дошт, хоинхо миллат кушиш ба харч дода буданд, ки кисми шимоли онро мисли хозира Крим ба давлати хамсоя Чумхурии Узбекистон хамрох намоянд ва бо ин рох давлати Точиконро пора-пора кунанд.

Лочин
Халки украини бояд зирак бошад.Накша мисли замони солхои 90-и точикон аст.Инчо зидди украинхо Руссия хасту Гарб. дар Точикистон бошад зидди точикон Руссия ва Узбакистон ду душмани сарсахти точик камин гирифта миллати моро имруз ба лухтаки дасти худ табдил додаанд.Украина бояд хардуро пеш кунад вагарна лухтак мешавад.

Dar ajabam az suhanhoi janobi Turajonzoda! Bo kadomru dar borai jangi shahrvandii Tojikiston gap mezanad? Eshon khud yake az az sarkardahoi jangi shahrvandii JT budand, hastand va memonand. Ukraina kishvari sohibistiqlol ast va mo boyad yakporchagi-yaklukhtii hududi Ukrainaro e'tirof namoem na gaphoi eshon ba gumrohi sar zanem

Неъматзода Шухрат
Акидаи Хочи Акбари Турачонзода вобаста ба гирифтани Крим нодуруст мебошад. Зеро Украина як давлати сохибистиклол ва тинчу ором дар дунё ба хисоб меравад. Аммо мутаасифона бо мусоидат ва мудохилаи давлатхои абаркудрат украина Кримро аз даст дод, дар баробари ин ба оташи чанг кашида шуд.
Турачонзода мехохад бо ин акидаи худ сиёсати пешгирифтаи Путинро дастгири намуда, бо хамин рох худро дар канори ин кишвар бинад.

Asad
Воқеан устод Тураҷонзода ғамхори миллат ҳастанд бояд ин гуфтаи устодро ҳукумат гуяд ва аз русия тарафдори намояд то ин ки русия нисбат ба муҳоҷирони меҳнатии мо рафтори хуб намояд. Шумо инро донед ки оғои Раҳмон бо кумаки Русия ва Узбекистон сари қудрат омад имруз Узбекистонро кидат кард ва боз мехоҳад русия кидат кунад ба Амрикову Аврупо худро дусту наздик намояд. Вақте ҳукумати мо бо Амрикову Аврупо дусти чони мешавад ва Русияро ки ба сари қудрат овард уро кидат мекунад пас ҳоли 2 милён муҳоҷир чи мешавад? Табиъист ки дар ин сурат фишору куштори муҳоҷирони мо зиёд мешавад. Ҳукумати мо бояд дили русияро ба даст орад агар воқеан ғамхори миллат бошад чун мо 2 милён муҳоҷир дар Русия дорем на дар Амрикову Аврупо. Дар ҳамин рузҳо бояд аз Русия ҳимоят мекард ва аз русия тақозо мекард барои беҳтар шудани кор ва зиндагии муҳоҷиронамон дар ғариби. Устод Тураҷонзода ҳақ ба ҷониби шумост воқеан барои мо Амрикову Аврупо бегонаанд мо бояд фикри 2 милён муҳоҷири худро кунем на фикри як шахсро

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)