Бахшҳо
12 май 2014 11:04Тоҷикистон / Сиёсат

Оҷонсӣ “майзадагӣ”-и муфаттиши парвандаи Зайд Саидовро рад кард

Роҳбарияти Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон бо пахши як иттилоия барканории Зуҳал Раҳимов -- яке аз муфаттишони парвандаи Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷикро шарҳ додааст.

Дар иттиллоияи Оҷонсӣ хабари барои истеъмоли машруботи спиртӣ барканор гардидани Раҳимов рад шуда, ҳамзамон таъкид гардидааст, ки роҳбарияти ин ниҳод нисбат ба фаъолияти ӯ зимни тафтиши парвандаи Зайд Саидов ягон эроде надорад.

Оҷонсӣ таъйид мекунад, воқеан, Зуҳал Раҳимов бо фармони раҳбари ин ниҳод аз вазифа барканор ва дар ихтиёри кадрҳо қарор дода шудааст. Ин ниҳод ба ихтиёри кадрҳо равона шудани Раҳимовро ба корҳои илмияш рабт додааст, ки ният дорад, барои ҳимоя ба Русия равад.

Дар мавриди шахсияти ин муфаттиши парвандаи баҳсбарангези Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон, Оҷонсии зидди фасод овардааст: “Зуҳал Раҳимов факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуда, ба фаъолият дар сохтори Агентӣ аз моҳи апрели соли 2008 ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи муфаттиши Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе шурӯъ намудааст.”

Ин ниҳод мегӯяд, кордонӣ, саводу малакаи баланд ва тафтишотчии дараҷаи олӣ будани Зуҳал Раҳимовро ба назар гирифта, раҳбари Оҷонсӣ соли 2012 ӯро ба вазифаи сардори Шӯъбаи 3-юми Раёсати тафтишотии Агентӣ таъин кардааст: “Раҳимов аз соли 2013 аспиранти шӯъбаи ғоибонаи Донишкадаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мавзӯи илмии ӯ «Таснифи ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ ва криминологии ҷинояти гирифтани пора» мебошад. Бо сабаби он, ки бо ихтисоси Раҳимов дар Тоҷикистон Шӯрои олимон мавҷуд нест, барои ба итмом расонидани кори илмии хеш Раҳимов нияти сафари Русияро дорад ва дар ҳамин хусус ӯ дар ихтиёри кардрҳо ҷой дода шудааст.”
Мӯҳр
Адвокат
Каппаи Зухал дуд кард, у корашро анчом дод, мумкин ваъдаащ кардан ки Зуйдро шинонад ба у пул ё вазифаи калон медиханд, вале баъд.... холо ки шояд даъвои пул ё вазифа дорад акун гумаш мекунанд ба Масква

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)