Фарҳоди Милод “Лайлимасоил”-ашро ба бозор баровард (САДО+ВИДЕО)
Хабарнигори тоҷик Фахриддини Холбек, ки дар доираҳои шоу-бизнес ҳамчун Фарҳоди Милод маъруф аст, ахиран як таронаи нави худро вориди бозор кардааст.
Ин суруд “Лайлимасоил” ном дошта, ором-ором ба феҳрасти сурудҳои сершунаванда шомил мешавад. Он ду бор аз сӯи шунавандаҳои барномаи “Субҳи Ватан”-и Радиои “Ватан” таронаи рӯз интихоб шудааст. Фарҳоди Милод мегӯяд, матни таронаро бо фармоиши ӯ, шоир Абдулвоҳиди Зевар навиштааст.
ЛАЙЛИМАСОИЛИ ФАРҲОДИ МИЛОДРО ДАР ИН ҶО БИШНАВЕД
Фарҳоди Милод дар доираҳои сарояндаҳо бештар ҳамчун таронанавису оҳангсоз маъруф аст. Таронаҳои ӯро овозхонҳое монанди Шабнами Сурайё, Баҳроми Ғафурӣ, Сарвинози Юсуфӣ ва дигарон иҷро кардаанд. Як матн ва оҳанги ӯ бо номи “Созем Роғуна” дар иҷрои Шабнами Сурайё, Садриддини Наҷмиддин ва Баҳроми Ғафурӣ замоне хеле маъруф буд.
Аммо ӯ баъзан худаш ҳам суруд мехонад. “Тоҷикистонам баред” яке аз сурудҳои ӯст, ки хеле маъруф шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |