Раҳмон дар бораи ҳодисаҳои Украина ва ёдоварӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, ҳаводиси Украина ба амнияти минтақа ва ҷаҳон таъсири баде хоҳад гузошт. Оқои Раҳмон ин ҳарфҳоро рӯзи 8 майи соли ҷорӣ дар ҳамоиши ғайрирасмии Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (ОДКБ) дар Маскав баён дошт.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, “мо аз рухдоди ҳаводиси ахир дар ин кишвари пасошӯравӣ амиқан нигарон ҳастем. Ин раванд барои Тоҷикистон ошност, ки дар оғози ба даст овардани истиқлолият ба даргирии мусаллаҳона оварда, кишварро бо мушкилоти сахти иқтисодию иҷтимоӣ рӯбарӯ карда буд.”
Дар ҳоле ки Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузаштаи Тоҷикистон ёдоварӣ мекард, афзуд, “ин даргириҳо ҷони беш аз 157 ҳазор сокини кишварро рабуда, ба иқтисоди мо 10 миллиард доллари амрикоӣ зиён расонда буд.”
Ин барои бори нахуст аст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба ҳаводиси Украина ибрози назар мекунад. Аз ин пеш, танҳо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ҳангоми сафараш ба Маскав дар ин бора изҳори назар карда, аз мавқеи Русия пуштибонӣ карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |