Бахшҳо

Ҷаласаи изтирории парлумон дар пайи муноқишаи тоҷикҳову қирғизҳо

Парлумони Қирғизистон ба таври оҷилӣ қазияи ба миён омада дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистонро субҳи 8 май ба баррасӣ гирифтааст. Назаралӣ Орипов, намояндаи мардумии қирғиз аз ҷиноҳи “Республика” гуфтааст, “вазъ дар минтақаи марзӣ бо Тоҷикистон нигаронкунанда буда, дар партави ҷанг қарор дорем”.

“Дар маҳалли ҳодиса ҳудуди ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистону Қирғизистон гирд омада буданд. Бо задухӯрду ҷанг наметавон мушкилро ҳал кард, бояд корҳои лозимиро анҷом дод”,-таъкид доштааст Орипов.

Вале Юсуфалӣ Исоев, намояндаи дигари қирғиз, ки аз ҳамтои худ хоҳиш кард, ингуна изҳорот дигар надиҳад, илова намуд: “Мо бо сокинони марзӣ то нимашаб тамоси телефонӣ доштем, дар онҷо ягон тирпаронӣ ва ҳолатҳои захм бардоштани сокинон ба қайд гирифта нашудааст. Вале бояд гуфт, қирғизҳо ягон бор тоҷиконро таҳрик надодаанд. Ин онҳо мебошанд, ки намехоҳанд дар фазои дӯстӣ бо ҳам зиндагӣ кунем.”

Дар ҳамин ҳол, Кенҷабек Бокоев бо зикри ин нукта, ки шаҳрвандони муқими минтақаи марзии ду кишвар ба тарафи якдигар санг партофтаанд, аз он ибрози нигаронӣ намуд, ки агар онҳо силоҳ медоштанд, ҳатман ба самти ҳамдигар оташ мекушоданд. Торобай Зулпукаров, муовини раиси парлумони Қирғизистон, сурат гирифтани тирпаронӣ дар ҳодисаи шоми 7 апрел миёни сокинони кишвараш бо тоҷиконро таъйид карда, гуфт, "воқеан онҷо оташкушоӣ шудааст, вале на ба самти ҳамдигар, балки барои пароканда сохтани мардум ба осмон парондаанд. Ҳоло ба маҳалли ҳодиса Абдураҳмон Маматалиев, муовини сарвазир оид ба умури амниятию марзӣ ва Курсан Асанов, муовини вазири умури дохилии Қирғизистон рафтаанд."

Дар охир Тошпӯлод Болтабоев, намояндаи мардумӣ аз ҳизби “Ота-Макон”-и Қирғизистон ба ҳамтоёни худ пешниҳод кард, барои таҳқиқи ин ҳодиса бояд гуруҳи кории парлумонӣ тахсис дода шавад. Ӯ илова намудааст, “сокинони минтақаи назди марзӣ мегӯянд, агар давлат онҳоро ҳимоят накунад, маҷбур манозиле, ки ҳукумат онҳоро дар онҷо муқим кардааст, тарк кунанд.” Ӯ аз парлумони кишвараш хост, фавран ба ҳалли ин масъала пардохта, роҳҳали мушкилро пайдо кунад.
Мӯҳр
Бобо
Президенти мо дар назди Путин, парлумон ба масъалахои "мухимми давлати" банд, фикри онхоро парешон накунед!

Озодагон, чаро забонатонро харакат карда ба мардум нофахмо мекунед? ман мухлиси шумоям, лекин хар дафъа бинам ки калимахои ба ман (сохиби ду маълумоти оли) нофахморо истифода мекунед, аз Шумо дур мешавам. Максади шумо чист-намоиш додани калимахои нави форси ё маълумотро ба хонанда дастрас намудан? Максадро аник ки кардед, баъд фахмо мешавад. Мисоли одди - калимаи "Изтирор", аз кучо меёбед ин калимахоро? Ё ягон Эрони дар тиматон доред? Чавобатонро интизор.

рохбарони мо шиори "дахони пушида сад тилло"-ро ба таври мустаким фахмида, оромиро пеша кардаанд, то ки аз осмон тилло галтад...Лекин тилло дар Марс...

Офарин депутатхои мардумии кимизхури киргиз ба ин дилогохй ва бо халк буданатон. Депутатхои мо дар фикри маишатанд. Бе ичозати президент гапашон намегузарад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)