Эшони Нуриддин бе минбар, Барзу рафт, Зайд зиндонист... Чӣ мехоҳем?
Далер ШАРИФОВ,
журналист
Тақрибан як сол мешавад, ки Зайд Саидов миёни чаҳор девор аст. Тамоми расонаҳои мустақил дар бораи ӯ навишт. Хулосаи ҳамаи навиштаҳо нишон медиҳад, ки ӯ як марди беозор, тоҷири муваффақ ва шахси меҳрубону ватандӯст ва ҷонибдори ободии ватан будааст. Мардум ҳам ба ҷинояткор будани ӯ бовар накарданд, вале ӯ 26 сол ҳукми зиндонро гирифт ва тақрибан як сол мешавад, дар кӯчаҳои Душанбе қадам намезанад.
Мо аз пушти панҷара рафтани ӯ чӣ гирифтем? Чӣ қадар ҷойҳои корӣ муҳайё гардид? Чӣ қадар корхонаҳои саноатӣ фаъол шуданд? Онҳое, ки Зайдро пушти панҷара бурданд, ба ивазаш ба мардум киро намуна пешниҳод карданд? Ҳукумат чанд нафар мисли Зайд кадрҳои фаъол дар тиҷорату саноату сохтмон тайёр кард, ки баъд аз ҳабси Зайд онҳоро муаррифӣ кунад ва бигӯяд, инҳо аз Зайд беҳтаранд?! Ё ба 26 сол зиндон кардани Зайд мо чиро мехоҳем ба мардум бифаҳмонем? Мехоҳем, бигӯем, ки касе дар фикри Точикистони нав набошад? Як формулаи рушди кишварро аз байн бурдем, аммо то ҳол ба ивазаш формулаи наве ба ҷонибдорону пайравонаш пешниҳод накардаем. Агар фарзан Зайд Саид 26 сол паси панҷара биншинад, ҳеч манфиате ба Тоҷикистон нест. То ҳол касе фаҳмонда наметавонад Зайд Саид чӣ хатаре ба ҷомеа дошт, ки ин ҳукми сангинро гирифт.
Минбарашонро гирифтем. Ба ҷояшон киро гузоштем?
Ду сол пеш Шӯрои уламо ва Кумитаи дин руҳониёне чун Эшони Нуриддин, Ҳоҷӣ Мирзо, Домулло Абдураҳими Қазоқонӣ, Эшони Маҳмуд ва чанд нафар имомхатибонеро, ки воизони хуб буданду пайравони зиёд доранд, аз минбарҳояшон маҳрум кард. Инҳоро даҳ нафару сад нафар не, балки ҳазорҳо нафар гӯш мекунанду пайраву мухлисашон ҳастанд. Бар ивази чунин воизон ба мусалмонҳои Тоҷикистон киро пешниҳод карданд? Аз ин иқдом чӣ ба даст омад? Ба ҷуз нобоварӣ, тафриқа, бадбинӣ?! Магар аз ҳамин тариқ мешавад дили мардумро ба даст оварду аз ояндаи нек ба онҳо суҳбат кард?
Кашмакашҳои мазҳабӣ рӯз то рӯз меҷӯшад. Танҳо бо ҷаноби Саидмукарам Абдулқодирзода намешавад, ки пеши роҳи онҳоро гирифт. Касе то ба имрӯз таҳлил намекунад, ки аз ин амал чӣ ба даст омаду чӣ аз даст рафт? Шояд ҳоло фазо ором тобаду гӯиё чизе рух надодааст, аммо ин тавр ҳам нест. Худо накарда фитна бузург шавад, мо дар ҷанги мазҳабӣ шикаст хӯрем, оё ин уламо бо пайравонашон ба кумаки ҳукумат мешитобанд, ё не? Он вақт ба ҳарфи ҳукумат гӯш медиҳанд, ё не? То ҳол маълум нест, чаро чунин ҳодиса ба вуқуъ омад. Кӣ болои чӣ такя карду чунин тасмим гирифт ва ояндаро норӯшан кард.
Барзу рафт. Дар Душанбе кӣ монд?
Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик, аз Тоҷикистон рафт ва ҳоло дар хориҷа машғули кор асту муваффақ. Мо аз рафтани Барзу чӣ гирифтем? Ин қадар театрҳое, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, чанд Барзу доранд? Шояд касе бигӯяд, ки Барзуро ин қадар воҳима мекунед, худаш кист, як коргардони театр. Гап сари Барзу нест, гап сари он аст, ки мо имрӯз дар Тоҷикистон ба ҷои Барзу ба мухлисонаш киро пешниҳод мекунем, то намоишномаҳояш дар сатҳи Барзу бошад?
Идҳои беохири мансабдорон дар баробари фақр
Шурӯъ аз соли 1999 ҳукумати Тоҷикистон ҷашнҳои бузурге дар мавзӯъҳои гуногун доир кардааст. Аз қабили “Ҳазору садсолагии давлати Сомониён”, “Тамаддуни ориёӣ”, “Соли оби тоза”, "Соли Имоми Аъзам" ва ба ин монанд ҳамасола даҳҳо ҷашнро баргузор мекунад. Дар ин ҷашнҳо ҳазорон донишҷӯ ҷалб шудаву миллионҳо сомонӣ пули буҷа сарф шудааст. Ин ҷашнвораҳо то ба имрӯз барои мо ва давлат чӣ доданд? Кӣ таҳлил кардаву таъсиру натиҷаи онҳоро барои миллат пешниҳод кардааст? Шояд бар ивази ин ҷашнвораҳо чанд корхона сохта мешуду чанд ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандон муҳайё? Хулоса, мо ба ивази ҳар дирам, ҳар порча матоъ ва он қадар нерӯе, ки дар ин ҷашнвораҳо сарф шуд, чӣ гирифтем ва ба ин суол кӣ бояд посух бидиҳад?
Мушкилотро ҳал бояд кард, на мубориза бо мухолифон
Солҳои охир фишор болои мухолифон ва онҳое, ки ба баъзе аз амалкардҳои ҳукумат розӣ нестанд, ба ҳар навъе зиёд шудааст. То кунун ҳукумат ё мақомоти алоҳида аз ин фишорҳо чӣ гирифтаанд ба касе маълум нест. Оё баъд аз ин қадар фишор ва беобрӯкунии ҷониби дигар кадом як мушкили миллат ҳал гардид? Мардум бо барқ таъмин шуд? Муҳоҷират аз байн рафт? Мактабҳо пурра бепул шуданд? Хизматрасонии тиббӣ ба сатҳи миёна баромад? Хуллас, кадом мушикилиро чунин бархӯрдҳо ҳал карданд? Агар мо аз субҳ то шом тамоми шабакаҳои телевизионӣ, ҳафтаномаҳои давлатиро пур аз танқиди Муҳиддин Кабирӣ, Раҳматилло Зоиров, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ё ҳар равшанфикру мухолифи дигар кунем, ягон проблемаи давлату миллат ҳал намешавад. Баръакс, мо боз ба буҳронҳои дигар рӯбарӯ мешавем. Давлат тамоми нерӯяшро бояд барои ҳалли мушкилот равона кунад, на дар пайи саркӯб кардани мухолифон бошад.
Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон новобаста ба касбу кораш ҳақ дорад, чунин суолҳоро аз ҳукумат бикунад ва посух бигирад. Магар ин ҷои бадӣ дорад ва ё ҷомеаро ноором мекунад? Вақте давлат мушкили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад, бояд аз тамоми нерӯву ақлҳо кор бигирад, муколамаро ба роҳ монад. Замоне Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемурро ҳукумати Шӯравӣ ҳангоми репрессияи сталинӣ аз байн бурд, аммо миллати тоҷик боқӣ монд. Танҳо ин нанги таърихӣ бар дӯши Сталин монду бас.
Худо накунад, ки чунин амал аз ҷониби тоҷик ба тоҷик рух бидиҳад ва он вақт то дунё ҳаст, мо шармандаи таърих хоҳем шуд!
PS: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |