Боздошти донишҷӯи ДМТ барои таҳдид ба духтаре дар “Одноклассники”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як донишҷӯи Донишгоҳи миллиро ба гумони таҳдид ба Нигина ном духтаре дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” боздошт ва бар муқобилаш парванда боз намудааст. Масъулони ВКД мегӯянд, Раҷабалӣ Сафаров, сокини 22-солаи Ёвон, аз Нигина бори аввал 120 ва бори дувум 150 сомонӣ пул талаб карда ва гуфтааст, дар сурати дастрас накардани ин миқдор маблағ акҳсои ӯро тариқи "фотошоп" бараҳна кардаву ба мазҳари ом мегузорад.
Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи ВКД, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, Раҷабалӣ бо номи дигар дар "Одноклассники" саҳифа кушода, аз моҳи январ ба ин сӯ Нигинаро азоб медодааст. “Ӯ бори аввал макони пулгирияшро боғи “Пойтахт” таъин карда, таҳи як сангро нишон медиҳад. Нигина ба гуфтаи ӯ розӣ шуда, зери он санг на пул, балки коғаз мегузорад. Раҷабалӣ омада мебинад, ки он ҷо коғаз аст, хашмгин мешавад ва бори дуюм бо номи “НОТ ЭН” саҳифа боз намуда, ба Нигина мегӯяд, 150 сомонӣ биёрад, ки аксҳояшро паҳн хоҳад кард”,-афзуд сухангӯи ВКД.
Ба қавли Садриддинов, бори сеюм Раҷабалӣ бо номи худи Нигина дар “Одноклассники” саҳифа кушода, ба ҷои ӯ бо яке аз наздиконаш – Раҷаббек Қудратов, ки дар муҳоҷират аст, суҳбат мекунад ва хоҳиш менамояд, барояш ду ҳазор рубли русӣ фиристад. “Раҷаббек ин миқдор пулро мефирстад ва онро Раҷабалӣ мегирад. Дафъаи дигар 6 ҳазор рубли русӣ хоҳиш мекунад, аммо дар ин миён маълум мешавад, ки 2 ҳазори қаблан фиристодашуда ба дасти Нигина нарасидааст ва ин навбат Раҷабалӣ ошкор шуда, аз ҷониби мақомот дастгир мешавад”,-гуфт Ҷалолиддин Садриддинов.
Вазоарти умури дохилӣ мегӯяд, Раҷабалӣ Сафаров ва Нигина ҳарду донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд ва ҳоло нисбат ба аввалӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |