Эшони Маҳмудҷон: “Бузкашӣ беҳурматӣ дар ҳаққи ҳайвонҳост”
Эшони Маҳмудҷон, руҳонии маъруф ва яке аз бародарон Тӯраҷонзодаҳо, ҳукми бузкашӣ дар Исломро исрофкорӣ ва мамнуъ хондааст.
Тӯраҷонзода ин суханонро дар посух ба суоли яке аз корбарони торнамои хонаводагияшон баён доштааст. Ин корбари торнамои Turajon.org иддао карда, ки бузкашӣ яке аз одатҳо ва русуми муғулҳо мебошад: “То он ҷое, ки шунидаам Паёмбар (с) ба аспдавонӣ амр намудаанд, на бузкашӣ. Ва чизи дигар ин ки ин падидаи номатлуб аз қавми муғул мерос мондааст.”
Руҳонии маъруфи тоҷик дар посух навиштааст, “масъалаи бузкашӣ яке аз корҳое ба шумор меравад, ки аз назари шариат мамнуъст.” Ба гуфтаи ӯ, ин амал боиси беэҳтиромӣ нисбат ба ҳайвонҳо мебошад: “Беҳурматӣ ба ҳайвоне мешавад, ки он дар шариати Ислом соҳиби қимат ва ҳурмат аст.”
Вале Эшони Маҳмудҷон дар шарҳи гуфтаҳояш илова намудааст, агар ба ҷои ҳайвон, аспсаворон ашёи дигареро бикашанд, пас, ҳеч ишколе надорад. Акс аз Нозим Қаландаров
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |