Талаби 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ аз Зоиров
Абдулло Ҳалимов, раҳбари муассисаи ислоҳии ЯТ3/1 ва Садриддин Шарифов, масъули боздоштгоҳи тафтишотии ЯТ9/1, аз Раҳматилло Зоиров -- раиси Ҳизби состиал-демократи Тоҷикистон 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хостаанд. Номи ин ду нафар ахиран дар баҳси хонаводаи маҳбус Маҳмадраҳим Саидов бо Раҳматилло Зоиров дар Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт садо додааст.
Раҳматилло Зоиров, раиси Консорсиюми юридикӣ, ки раҳбарии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро низ бар ӯҳда дорад, рӯзи 6 феврали соли ҷорӣ дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, бино ба хабарҳое, ки дарёфт кардааст, гӯиё Маҳмадраҳим Саидов дар утоқи ҷаримавии маҳбаси рақами 1 фавтидааст. Зоиров гуфта буд, Маҳмадраҳим зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон буда, яке аз шоҳидони марги Ҳамза Икромзода ба ҳисоб меравад ва аз фаъолони ҷомеи шаҳрвандӣ хост, ин қазияро зери назорат гиранд.
Дар пайи ин, хонаводаи Маҳмадраҳим аз болои Раҳматилло Зоиров ба Додгоҳи ноҳияи Сино шикоят бурда, аз ӯ 10 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ва моддӣ хоста буданд. Онҳо гуфтанд, фарзандашон зиндаву саломат буда, иттилои паҳнкардаи Зоиров онҳоро нороҳат ва дар ҳолати парешонӣ гузоштааст.
Ҳоло аризаи Абдулло Ҳалимов ва Садриддин Шарифов низ аз болои раиси ҲСДТ аз сӯи вакили мудофеъ Мавлудҷон Салихов ба Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе супурда шудааст. “Зоиров бо зикри номи онҳо дар баҳси додгоҳӣ барояшон зарари маънавӣ расонд. Дар ҳоле ки Маҳмадраҳим Саидов аз Ҳалимову Шарифов ҳеч даъвою гилае надорад”,-гуфт Салихов.
Ин даъвои масъулони муассисаҳои ислоҳӣ дар ҳолест, қаблан Зоиров аз ҳардуи онҳо ва модари маҳбус Маҳмадраҳим Саидов сӣ ҳазор сомонӣ ҷуброн хоста буд. Зоиров мегӯяд, даъвои Савлат Сафолова, модари маҳбус Саидов, асос надорад ва талоши дигаре барои бадном кардани ӯст. “Паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ва ғаразнок, ташкили муроҷиат ба додгоҳ нисбат ба ман давоми зиёда аз ду моҳ боз идома дорад. Ҳадаф паст задани шаъну шарафи ман, ҳамчун шаҳрванд, ҳимоятгар ва раиси ҳизби сиёсӣ аст”,-гуфт ӯ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |