Бахшҳо

Тоҳирхон Ғозиев: "Ман гуфтам, ки Тоҷиказотро бепул ба Фирташ диҳанд"

Гуфтугӯ бо Тоҳирхон Ғозиев, раиси “Тоҷиказот”, ки қисми зиёди саҳмияҳои онро Дмитрий Фирташ, миллиардери украинӣ, дар ихтиёр дорад.


-Ҳоло сарусадо атрофи дар мавриди корхонаи “Тоҷиказот” зиёд аст. Каме дар бораи таърихи корхона ва саҳми он дар иқтисодиёти кишвар маълумот медодед?
Ғозиев: “Корхонаи нуриҳои азотии Вахш соли 1964 ба фаъолият шурӯъ карда,121 гектарро дар бар мегирад. Дар тӯли фаъолияти худ коргоҳи мазкур саҳми назаррасе дар иқтисодиёти Тоҷикистон дошт. Корхона барои соҳаи кишоварзии Тоҷикистон карбамид истеҳсол мекард. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва воқеаҳои солҳои 1992 то 1995 корхона аз фаъолият боз монд. Соли 1995 бо мушкилоти зиёд корхонаро ба кор андохтем, азоби сагро кашидем гӯям, хато намекунам. Баъди ба кор андохтан 3-4 моҳ корхона бо даромад кор кард. Тӯли як сол коре карда, фаъолият намудем. Даромади ба даст омада барои харидани як систерна равғани крес- 19, ё 35-50 тонна монаэтолонамин мерасиду бас. Ҳатто барои харидани лампочка маблағ надоштем. Бар замми ин пайдо мешуданд нафароне, ки бо таҳдиду фишор мехостанд, маҳсулотро бепул аз корхона бароранд. Соли 1999 барои панҷ тонна карбамит маро дар завод паронданӣ шуданд, ин маро маҷбур сохт, ба фаъолиятам дар корхона хотима диҳам. Баъди чанд моҳи ин воқеа Зайди Саид раиси Кумитаи саноат таъин гардид. Бо чанд нафар ба ман паём расонд, ки ба завод баргардам ва фаъолиятамро ба ҳайси роҳбар давом диҳам. Хеле исрор ҳам кард, лек барнагаштам.”

-Мақомот мегӯянд, саҳмияҳои ин корхона дар ихтиёри Дмитрий Фирташ аст. Ӯ чӣ гуна корхонаро харидорӣ намуд, огоҳӣ доред?
Ғозиев: “Корхона фаъолият намекард ва ба як харобазор мубаддал гашта буд. Дар ҳукумати шаҳри Сарбанд кор мекардам, ки дар як маърака нафаре гуфт, ба корхона харидор омадааст, фикри Шумо чист? Гуфтам, агар фикри маро фаҳмиданӣ бошанд ва агар ин одам нияти обод кардани корхонаро дошта бошад, бепул бидиҳандаш.”

-Чаро бепул ва он ҳам ба Фирташ?
Ғозиев: “Пештар ҳам ба корхона сармоягузорҳо омада буданд, аз Ҳиндустону чанд давлати дигар. Аз 15 то 25 миллион доллар маблағ пешниҳод карда буданд, албатта ба ивази кафолати давлат, кафолати Бонки миллӣ, лекин кафолатро ҳамон давра касе намедод. Махлай гуфтанӣ одам, директори корхонаи «Толяти азот»-и Русия низ бо мақсади харидории завод мутахассисони худро фиристод, омаданд, дар кадом вазъият будани корхонаро диданду дуд аз димоғашон баромад. Ин корхонаи мо баробари як сехи заводи онҳо аст. Қазоқистон низ аз ин завод 3-то дошт, як вақт мутахассисонамонро ба он ҷо фиристодем, ки рафта қисмҳои эҳтиётӣ биёранд. Бачаҳо рафтанду бо дасти холӣ омада гуфтанд, қазоқҳо ин 3 агрегатро аз бехаш бурида, ба оҳанпора фурӯхтаанд. Ҳамин тавр, қисмҳои эҳтиётӣ наёфтем. Корхонае, ки фаъолият накунад, магар ба харобазор табдил намеёбад? Тоҷиказот дар чунин вазъ буд, то нимаш дар даруни об буду аз деворҳо алов мерехт. Градирниҳо, ки аз чӯб сохта шуда буданд, ҳамааш пӯсида буданд. Афсӯс, ки аксҳои он замонро дар даст надорем. Хуб, дар бораи Фирташ. Вақте ки ин масъаларо аз нав дар ҳукумати Сарбанд ба миён гузоштанд, ман гапамро такрор кардам, агар ин шахс бе кафолати давлатӣ хоҳад, ин корхонаро обод кунад, бепул диҳед. Чаро не? Дар Олмон аз ин таҷриба истифода бурдаанд, ҳатто Ветнами замоне қашшоқтарин аз ин таҷриба истифода намуда, имрӯз ба яке аз кишварҳои содиркунандаи маҳсулот табдил ёфтааст. Пас, чаро мо корхонаеро, ки он замон арзише надошт, ба нафаре надиҳем, ки обод кунад ва мардум соҳиби ҷойи кор гарданд. Ҳаст баҳогузории ҳуқуқӣ ва ахлоқи ҳуқуқӣ. Агар ҳамин одамҳо нияти бад медоштанд, барвақт мерафтанд.”

-Баъд аз дар ихтиёри Фирташ додани корхона вазъи он то чӣ ҳад тағйир ёфт?
Ғозиев: “Фирташ таваккал кард, аммо бо таваккалаш барои завод хизмати бузурге кард. Мутаассифона, аксҳо ва наворҳои то соли 1999-ро рӯи даст надорем. Агар бо онҳо муқоиса кунанд, баъд фарқиятро мебинанд. Онҳое, ки дидаанд, азоб кашидаанд, медонанд. Афсӯс, ҳоло одамҳое баҳо медиҳанд ва талаби миллӣ кардани корхонаро мекунанд, ки чизеро надидаанд. Ҳар як шӯъбаи завод бо технологияи нав муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Ҳар як агрегат бо компютери алоҳидаи худаш кор мекунад. Пеш ҳар 10 дақиқа пас агрегат мебаромадем, ҳоло ба воситаи компютер идора мекунем. Монанди ин завод аз собиқ Шӯравӣ 3-то мондагӣ аст, ки дар байнашон фақат ин корхона бо технологияи навтарин таҷҳизонида шудааст. Саҳмдори асосӣ (Фирташ) мувофиқи фонди оинномавӣ ба корхона 24 миллион сомонӣ маблағ гузаронд, инчунин 20 миллион сомонии дигар қарз дод.”

-Пас аз, ба гуфтаи Шумо, бартараф шудани мушкили техникии корхона ва дигар проблемаҳо корхона чанд вақт фаъолият кард ва чӣ қадар даромад ба даст овард?
Ғозиев: “Баъд аз корхонаи муштарак шудан, солҳои аввал бо фоида кор кардем, даромад барои корхона сарф шуд. Баъд аз ин проблемаи газ дар ҷумҳурӣ пайдо шуд ва ҳар вақте ки Узбакистон газ медод, мо фаъолият менамудем. Дар баробари газ проблемаи барқ ҳам пайдо шуд. Соли 2008 ҳамагӣ 6 моҳ кор кардем, дар зарфи ин 6 моҳ 14,5 миллион сомонӣ андоз супоридем, ки нишондоди баландтарин дар он вақт буд. Аз ин ҳам баландтар кардан мумкин буд. Масалан, моҳи апрели соли 2008 як тонна карбамит аз 820 то 860 доллар арзиш дошт, ин нархи фантастикӣ буд. Ана ҳамон вақт мо барои баровардани 20 ҳазор тонна карбамит ба хориҷи кишвар шартнома доштем. Бубинед, дар сурати баровардани ин бор чӣ қадар даромад мешуд. Мутаассифона, вагон наёфтем, ки борро барорем.”

-Роҳи оҳан чӣ, вагон надод?
Ғозиев: “На, КВД Роҳи оҳани тоҷик барои кашондани маводи кимиёвӣ вагон надорад, бояд чунин вагонро аз Узбакистон ё Русия мегирифтем, аммо на ин ва на ваяш вагон надоданд, чунки иқтисодчиёни ин давлатҳо ҳама вақт ба омӯзиши бозорҳо машғул ҳастанд ва медонанд, ки пули тайёр дар куҷо аст. Воқеан, ин дар моҳи апрел буд, моҳи ноябр нархи карбамид аз 820 доллар ба 230 доллар фуромад, нархи газ 250 – 300 доллар боло рафт. Пас, истеҳсолкунандаи ватанӣ арзу додашро ба кӣ гӯяд?”

-Аз тарафи ҳукумат ягон дастгирӣ нашуд?
Ғозиев: “Соли 2011 ҳукумат ба корхона кумаки хуб расонд, барқро барои корхона арзону андозро кам кард. Интиқоли газро низ 10 доллар кард. Афсӯс, кор накардем. Агар кор мекардем, даромади хуб меовардем.”

-Имтиёз гирифтаед, яъне дастгирии давлатӣ шудааст. Пас, чаро кор накардед?
Ғозиев: “Чунки газ набуд. Ҳамсояамон каме беинсофӣ кард. Газ надод.”

-Вақте давлати ҳамсоя газ намедиҳад, яъне шартномаи доду гирифтро риоя намекунад, дастгирии давлатӣ чӣ маънӣ дорад? Замоне атрофи овардани газ аз кони гази Хоҷа Сартез зиёд мегуфтанд, он натиҷа надод?

Ғозиев: “Афсона буд. Захираи гази Хоҷа Сартезро ҳанӯз дар давраи Шӯравӣ ҳисоб карда буданд, 1 миллиарду 200 миллион. Ин ҳеч аст, ба замми ин дар таркиби ин газ сера зиёд буда, заводро дар як моҳ аз кор мебарорад. Ба мо дар як хатти технологӣ барои баровардани 300 тонна карбамит 300 – 350 куб газ лозим аст, барои ҳамин то Тоҷикистон гази худии худро набарорад, корхона рақобатпазир намешавад. Чаро ҳеч кас ҳисоб кардан намехоҳад, ки мо ҳазор куб газро 200 – 250 доллар мехарем, заводи Мазори Шарифи Афғонистон 20 доллар. Ин ба таври мисол аст, вақте ки мо ҳазор кубашро 68 доллар мегирифтему як тонна маҳсулотро 175 доллар мефурӯхтем, онҳо ҳам бо 20 доллари гази гирифтаашон 175 доллар мефурӯхтанд. Узбакистон ба корхонааш 50 доллар, Русия 74-92 доллар, туркманҳо бепул газ медоданд, вале маҳсулотро ҳамаамон бо як нарх мефурӯхтем. Акнун фикр кунед, бо 20, 50, 74 доллар мо дар байнашон чӣ хел рақобатпазир мешавем? Туркманҳо нияти барқарор кардани заводи дар шаҳри Марӣ будаи худро доранд. Ҳисоб карда баромадам, барои пурра барқарор кардани заводи Мари 300 – 350 миллион доллар лозим аст. Аз ин бармеояд, ки агар Тоҷикистон имсол бо гази худӣ таъмин гардад ва корхона ба фаъолият шурӯъ кунад, барои маҳсулот бозор ёфта метавонем. Ин корхона барои Тоҷикистон чун обу ҳаво зарур аст. Умед ва боварӣ дорам, ки дар оянда зарурати сохтани як заводи дигар ба ҳамин монанд пайдо мешавад. Умр агар вафо кунад, мебинем. Имрӯз бошад ҳалли мушкилоти асосӣ, ба роҳ мондани ҳимояи молистеҳсолкунандаи ватанӣ шарт ва зарур аст.”


Идомаи сӯҳбат базудӣ нашр хоҳад шуд: Раиси Тоҷиказот мегӯяд, “аз тасмими Оҷонсии зидди фасоди молӣ ҳукумат бурд намекунад”
Мӯҳр
Мусо
Офарин бародари азиз,вай тасмими очонсии ба ном зиди фасод бародар сиёси аст,максад аз байн бурдани точикони босаводи дар хорича обуру дошта аст,инро точикон алакай медонанд.

behtarin insoni iktisod don bovarkuned agar in hukumat zarrae gami xalka bixurad dar davomi yaksol metavonad az tamomi mushkilot baroyad ammo afsus... agar mardumro gamnadihandki kor kunand tojikiston behtarin sharoit baroi sohibkoronro dorad ammo inon nameguzorand yak sohibkor xub korkunad hamaro manapoliya kardaand in shaxs meguyad vaxte zayd ba vazifai vaziri rasid moro guft korxonaro ba kor andozed zayd bisyor insoni vatandust ast darhakikat ba in millat sodikona xizmat mekard

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)