Собиқ намояндаи “К+” сухангӯи раиси вилояти Суғд шудааст
Музаффар Юнусови 38-сола, собиқ намояндаи телевизиони “К+” (СТАН ТВ) дар Тоҷикистон, сухангӯи Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд таъин шудааст. Як манбаъ ба далели ифшо нашудани номаш гуфт, оқои Юнусов, ки дар ин мақом Илҳоми Ҷамолиёнро иваз кард, аз рӯзи 14 апрел ба кор оғоз хоҳад намуд.
Юнусов дар гузашта, ҳангоми раҳбарии Қоҳир Расулзода, низ чанд муддат ба ҳайси раиси дафтари матбуоти ҳукумати Суғд кор кардааст. Вай то замони таъин шуданаш ба мақоми нав сармуҳарририи барномаҳои иттилоотии телевизиони вилояти Суғдро бар ӯҳда дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |