Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон иттиллоъ доданд, ки имсол ҳаҷми воридот нисбати соли гузашта 29,1% афзоиш ёфтааст.
Бино ба қавли манбаъ, ҳаҷми содиротро дар 7 моҳи ахири соли равон ба 778,4 миллион доллари ИМА унвон кард. Ин нишодод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,5% зиёд мебошад. Зимнан, ҳаҷми воридот дар 7 моҳи соли ҷорӣ ба 1 770,3 миллион доллари амрикоӣ расидааст, ки ин рақам дар муқоиса ба 7 моҳи соли 2010-ум 29,1% афзоиш ёфтааст.
Бино ба маълумоти коршиносон маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон, ки дар бозори ҷаҳонӣ харидор доранд- пахта ва алюминӣ ба ҳисоб меравад. Бархе аз соҳибназарон дар умури иқтисод бар онанд, ки бештари молу маҳсулоти бозорҳои Тоҷикистонро молҳои воридотӣ аз хориҷи кишвар ташкил дода, болравии нарҳо низ ба ин омил рабт дорад. {jathumbnail off}
Мӯҳр