Кабирӣ дар бораи Иттиҳоди гумрукӣ ва вобастагии Тоҷикистон аз Қирғизистон
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва вакили парлумон ворид шудан ба Иттиҳоди гумрукиро ба нафъи кишвару сокинон хондааст. Кабирӣ дар суҳбат бо нашрияи “Наҷот” гуфтааст, “агар паёмадҳои мусбату манфии воридшавии Тоҷикистонро ба ин иттиҳод канори ҳам бигзорем, нафъаш бештар аст.”
Аммо ӯ дар шарҳи гуфтаҳояш, илова кардааст, сокинони Тоҷикистон дар сурате аз ворид шудани кишвари худ ба Иттиҳоди гумрукӣ метавонанд, манфиатдор бошанд, ки дар дохили он ба қувваи кории онҳо монеае вуҷуд надошта бошад. “Танҳо молу пул гардиши бемонеъа надошта бошанд, балки барои мо вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони муҳоҷир низ муҳимтар аст. Чун нисфи даромади муҳоҷирин сарфи хароҷоти расмию ғайрирасмӣ барои дарёфти иқомату патенту дигар корҳои онҳо сарф мешавад. Тасаввур кунед, ин чанд миллиард доллари дигар аст, ки изофа мешавад ба пули фиристодаи онҳо,”- афзудааст, Кабирӣ.
Раиси ҲНИТ бар ин аст, ки раванди воридшавӣ ба Иттиҳоди гумрукӣ барои Тоҷикистон низ бе мушкилот нахоҳад буд. Ӯ мегӯяд, мақомоти тоҷик замоне метавонанд, узвияти ин иттиҳодро ба даст оранд, ки ҳамтоёни қирғизашон ба он шомил шуда бошанд: “Ҷойи тазаккур ҳам ҳаст, ки мо танҳо пас аз Қирғизистон ба ин иттиҳод ворид шуда метавонем, чун иттиҳоди гумрукӣ арзи муштаракро тақозо дорад.”
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар Қирғизистон саффи мухолифини воридшавӣ ба ин иттиҳод низ кам нестанд: “Ҳоло воридшавии Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ зери суол аст, мухолифини узвият ҳам кам нестанд, агар чӣ вақтҳои ахир тарафдорони он бештар мешаванд. Қирғизистон кишварест, ки назари мардум болои мавқеи сиёсатмадорон таъсири зиёд дорад ва ин вазъият, инчунин ҳодисаҳои Украина ояндаи Иттиҳоди гумрукиро як каме норавшан кардааст.”
Айни ҳол ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Минтақаи ягонаи иқтисодӣ, Русия, Белорусия ва Қазоқистон аъзо буда, Қирғизистону Тоҷикистон дар арафаи пайвастшавӣ ба ин созмонанд. Дар доираи ин созмонҳо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ният дорад, Иттиҳоди Авруосиёро низ ташкил кунад, ки ҳаракати озоди шаҳрвандон, мол ва сармояро дар қаламрави кишварҳои узв таъмин мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |