Ҳамарӯза то якуми сентябри соли равон аз соати 8:00 то 16:00 дар ҶММ «Ёқут-2000»-ум ярмарка- фурӯши либосҳои мактабӣ бо арзиши 20-40% арзонтар аз бозорҳои кишвар, бо пешниҳоди маҳсулоти калонтарин корхонаҳои ватанӣ баргузор мегардад.
Ба иттиллои маркази матбуотии вазорати энергетика ва саноати кишвар, дирӯз дар ҶММ «Ёқут-2000»-ум ярмарка- фурӯши либосҳои мактабӣ баргузор гардид.
Манбаъ афзуд, дар ин чорабинӣ 5 корхонаи калонтарин бо пешниҳоди маҳсулоташон, аз қабили ҶММ «Ёқут-2000»-ум, ҶСП «Гулистон», ҶММ «Кӯҳандиз», ҶММ «Пойафзолдӯзи Хуҷанд» ва ҶСШК «Нафиса» иштирок намуданд. Дар ярмаркаи мазкур маҳсулоти гуногун, аз қабили маҳсулоти дӯзандагӣ, пойафзол ва ҷӯробҳои мардона, занона ва кӯдакона, либосҳои пахтагин барои мактаббачагон пешкаш гардидааст. Молу маҳсулоти пешниҳодгардида сифатан хуб ва рақобатнок буда, нархашон нисбат ба бозор 20-40% арзон ба фурӯш гузошта шудаанд. Ин иқдом то 1-уми сентиябри соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт. {jathumbnail off}
Мӯҳр