Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон барандаи унвони «Пешвои асри XXI»

Дар ситод-қароргоҳи Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Бухарести Руминия, ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи академикии ин Шўро доир гардид.


Тибқи иттиллои дафтари матбуотии райисҷумҳур, зимни ин нишаст аз ҷониби Кумитаи академикии Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ ҷиҳати сарфароз гардондани президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо яке аз унвонҳои олии фарҳангию  сиёсии ҷомеаи Аврупо - Пешвои асри  XXI  қарори дахлдор қабул гардид. Дар рафти ҷаласаи мазкур аъзои корпуси академикӣ, олимон, аҳли зиё ва як қатор  пешвоёни сиёсии ҷомеаи Аврупо   иштирок намуданд.

Президенти Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ профессор Антон Караджа гуфт, бо ин унвон номзадҳо танҳо пас аз баррасии ҳамаҷонибаи дастовардҳо ва фаъолияти мусбии  онҳо  ҳамчун пешвоёни аср  дар даҳсолаи охир ва бо назардошти нуфузу эътибори  онҳо дар назди халқу кишварҳо  пешниҳод ва  сарфароз гардонида мешаванд. Қайд гардид, ки  далелҳои зерин барои ба ин унвон ноил гардидани Эмомалӣ Раҳмон сабаб шудаанд: мусоидат ба ваҳдати миллии Тоҷикистон, мубориза бо коррупсия ва таъмини эҳтироми манзалати инсонӣ, таъмини идоракунии шаффоф ва  озодии матбуот, дастгирии ҷорӣ кардани равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳуқуқҳои инсон, кафолати озодиву адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа ва бароҳандозии дигар барномаҳои созандагӣ, таъмини рушди устувор ва босуръати  иқтисодии  Тоҷикистон,  ташаккули бозори  озоди иқтисодӣ дар кишвар, ки ҳамзамон ба   тақсимоти дурусти даромадҳо ва таъмини рушди баландсуръати сохторҳои ҳифзи иҷтимоӣ асос ёфтааст, рушди пайгиронаи пояҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон тавассути маблағгузориҳо ба соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, ки дастгириашон ҷавобгўи  чунин арзишҳои дахлнопазири ҳуқуқи инсон, ба монанди   тандурустӣ, маориф ва зиндагии солим мебошад, мусоидат ба ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон ва эҳёи Душанбеи таърихӣ,   фаъолгардонии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Иттиҳоди Аврупо, ки яке аз саъйу талошҳои муассир барои таъмини дастгирии ояндаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, рушди доимӣ ва ҳимояи мероси фарҳангӣ ва таърихии халқи тоҷик, мубаддал гардондани Душанбе ба яке аз марказҳои ҳамоиши  Аврупою Осиё ва машъали  рушд барои тамоми минтақа,дастгирии доимии сулҳу субот ва амният дар сатҳи ҷаҳонӣ ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ тавассути андешидани тадбирҳои муҳим, ба монанди тағйир додани Тоҷикистон ба  кишвари сулҳоро  ва дорои  сарҳадҳои бехатар.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)