Бахшҳо
28 мар 2014 15:39Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Тавсифи низомиёни рус аз хидмат дар Тоҷикистон (ВИДЕО)

Хидмати шартномавӣ дар пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон миёни шаҳрвандони Русия довталабони зиёдро пайдо намудааст.

Николай Носов, сарбози рус, ки дар Тоҷикистон хидмат кардааст, ният дорад, тариқи шартнома хидматашро дар пойгоҳи 201-и Русия идома диҳад. Ӯ баробари бодуҳавои хуб, маоши беш аз 50 ҳазор рубл ва имтиёзҳои иҷтимоиро аз авлавиятҳои хидмат дар Тоҷикистон хондааст.

Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл масъалаи ҷалби хидматчиёни шартномавӣ дар пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон матраҳ гардид. Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон бо пахши ин хабар эълон дошт, ки ҳудуди 800 сарбозу сержантро иловатан аз ҳисоби русиягиҳо ба хидмати шартномавӣ ҷалб мекунад. Ба иттилои сарчашма, ҷалби низомиёни нав аз ҳисоби ихтисори сарбозони муқаррарӣ амалӣ шуда, дар маҷмӯъ теъдоди ҳайати афсарону сарбозони пойгоҳи 201 афзоиш нахоҳад ёфт.

Ҳаҷми маоши низомиёни пойгоҳи 201-ум вобаста ба собиқаи корӣ, ихтисос ва рутба аз 30 то 70 ҳазор рубли русӣ арзёбӣ шуда, феълан ин пойгоҳ бо беш аз 7 ҳазор низомӣ калонтарин воҳиди хушкигарди Русия дар берун аз қаламрави он мебошад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Сергей Шойгу, вазири мудофеаи Русия аз афзоиши ҳузури низомии кишвараш дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон хабар дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон аз ҳайати бригадавӣ ба ҳайати дивизионӣ мегузарад. Коршиносони умури ҳарбӣ мегӯянд, гузаштан ба ҳайати дивизионӣ афзоиши теъдоди низомиёнро дар назар дорад.


Мӯҳр
теъдоди онхо набояд зиёд шавад, зеро ин хатари миллиро бачо меоварад. Эхтиёт шудан лозим аст.

Хатто бад аз 20 соли сохибистиклоли натавонистем ки аз паймонхои дутарафа барои миллати точик дар саржамини худ имтиезе ба даст орем Бинед ин Кримио бар ивази ичораи базаи Росия дар бахри сиех Россия ба Украина 100 млн доллар медодааст ва боз шахрвандони Украинтабор ба хизмат дар кушунхои Росия ичозат будааст Аз мо чи сарзамин аз мо ичора ройгтн вале танхо ба миллатххои русу узбак роххат ба точик бошад дар сарзамини худ хизмат кардан бо маоши арзанда дар кушунхои русия ичзат набудааст

Ҳар кореки мехоҳед, кардан гиред. Барои шумо дар Тоҷикистон ҳама чиз иҷозат аст. Метавонед мисли нимҷазираи Қрим ҳамапурсӣ гузаронед. Ҳамон микрорайонҳо аз шумо мешавад. Мо чизе гуфта наметавонем. Забонкӯтоҳем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)