Сафари расмии Чан Вантсиюан ва ҳамоиши вазирони дифоъ дар Душанбе
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 30-юми март бо сафари расмӣ вазири мудофиаи Чин, Чан Вантсиюан бо сафари расмӣ вориди Душанбе мешавад.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки вазири чинӣ баробари мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш инчунин бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ масоили густариши ҳамкорӣ дар умури амниятро баррасӣ мекунад.
Маҳмадалиев илова кард, ки Чан Вантсиюан дар доираи сафари расмияш рӯзи 1-уми апрел дар ҷаласаи вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай иштирок хоҳад кард: “Дар ин ҷаласа вазирони дифои Тоҷикистон, Русия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон иштирок карда, Узбакистонро муовини аввали вазири мудофиа намояндагӣ хоҳад кард.”
Маҳмадалиев омодасозии кадрҳо, мубориза алайҳи терроризму экстремизм, таъминоту техникаи ҳарбӣ ва иҷрои созишномаҳои СҲШ-ро аз мавзӯъҳои меҳварии ҷаласаи вазирони дифоъ арзёбӣ намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |