Нилуфари КАРИМДар доираи симпозиуми занони соҳибкори Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки рӯзҳои 27-28-уми март дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад, имконоти рушди соҳибкории занон баррасӣ гардид.
Азиза Юлдошева, раҳбари Асосиатсияи занони сохибкори Қирғизистон дар лаҳзаҳои аввали кушодашавии симпозиум гуфт, ҳамаи занони соҳибкор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилии якхела доранд:
“Ҳукуматҳо мегӯянд, ба таври қонунӣ ба Шумо баробарҳуқуқӣ додаем. Ман розиям, ки воқеан қонунан мо баробарҳуқуқӣ дорем, аммо имкониятҳои занону мардон дар Осиёи Марказӣ баробар нестанд. Одатан ҳамаи молу амвол ва сармоя ба номи мардон меравад. Мо мисол вақте барои гирифтани қарз ба бонк муроҷиат мекунем, заминаи гаравмониямон заиф аст, чун аксари молу амвол дар дасти мардҳост.”Намояндагони Афғонистон мегӯянд, вазъи занони соҳибкори кишварашон бо вуҷуди баъзе пешравиҳои ахир аз вазъи занони Осиёи Марказӣ бадтар аст. Занони афғон гуфтанд, дар кишварашон зимни соҳибкорӣ ба монеагузориҳои зиёд дучор мешаванд.
Инчунин дар доираи ин симпозиум намоишгоҳи маҳсулоти миллӣ баргузор гардид, ки дар он маҳсулоти заргарию ороишӣ, асбобҳои мусиқӣ, сабадбофӣ, фаршҳои бофташуда ва дигар маҳсулот бо нақшу нигори миллӣ пешкаши тамошобинон гардид:
Мӯҳр