Афғонистон аз шомил шудани Қрим ба қаламрави Русия ҷонибдорӣ кард
Афғонистон аз шомил шудани нимҷазираи Қрим ба қаламрави Русия ҷонибдорӣ кардааст.
Тибқи иттилои The Guardian, Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон зимни мулоқот бо як ҳайати амрикоӣ дар ин бора ибрози назар кардааст. Ӯ гуфтааст, "Афғонистон ба ҳаққи мардуми Қрим, ки худ сарнавишташонро муайян кардаанд, эҳтиром мегузорад.”
Гуфта мешавад, ин изҳороти Ҳомид Карзай номи Афғонистонро дар руйхати кишварҳое қарор дод, ки аз шомил шудани Қрим ба қаламрави Русия ҳимоят мекунанд. То кунун бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон ва Қирғизистон натиҷаи раъйпурсии Қримро қабул карда, аз шомил шудани ба қаламрави Русия ҳимоят кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки Борак Обама, президенти Амрико дар як тамоси телефонӣ бо ҳамтои русаш - Владимир Путин бори дигар таъкид намудааст, ки овоздиҳии Қримро дар мавриди мақоми ин нимҷазира “нақзи қонуни асосии Украина” медонад.
16 март дар дар ҷумҳурии мухтори Қрим раъйпурсӣ баргузор шуд. Тибқи хабарҳои расида дар ин овоздиҳӣ 93 дарсади иштирокдорон ба тарафдорӣ аз пайвастани нимҷазира ба Русия раъй додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |