Ноиби ректор: Пошнаи паст ба саломатии духтарҳо зарар дорад
Искандар Аминов, муовини ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон оид ба таълим таъйид намуд, ки субҳи имрӯз, 27-уми март як гуруҳ духтаронро барои пойафзоли пастпошна доштанашон ба дарс роҳ надодаанд.
Аминов дар шарҳи ба дарс роҳ наёфтани донишҷӯдухтарон бо пойафзоли паст (балетка) ба “Озодагон” гуфт, ки ин иқдом танҳо ба хотири ҳифзи саломатии онҳо мебошад: “Пойафзоли пастпошна- “балетка” дар чунин фаслҳо метавонад ба саломатии духтарон таъсир расонад, ба ҳамин хотир мо онро манъ кардем. Духтарон оянда модар ҳастанд, роҳравҳои мо пур аз об аст, бо чунин пойафзол онҳо метавонанд саломатиашонро аз даст диҳанд. Хуб мешуд, ки пойафзоли пошнабаланд пӯшанд. Субҳи имрӯз 6 нафар донишҷӯдухтарро ба дарс иҷозат надоданд, хонаҳояшон, ки наздик буд рафта пойафзоли пастпошнаашонро иваз карда омаданд.”
Искандар Аминов афзуд, ки тибқи низомномаи сару либоси Донишгоҳ ва қарори Шурои олимон, ки ҳар як донишҷӯ пеш аз дохил шудан бо он ошно мешавад, пӯшидани пойафзоли паст манъ шуда, либоси расмӣ ҳатмӣ аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |