“Вақт, шакл ва муҳтавои ин маъракаи таблиғотӣ тасодуфӣ интихоб нашудааст. Дар арафаи ҷашни навбатии Ваҳдати миллӣ бо назардошти шароити ноҳамвори сиёсию иҷтимоии минтақа, бахусус ҳодисаҳои Украина ва дар оғози соли омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ шуруъ кардани ин таблиғот баёнгари он аст, ки ҳадафҳои тарроҳони ин барнома танҳо зарба задан ба ҲНИТ набуда, балки барҳам задани сулҳу субот ва оромии кишвар мебошад”,-гуфтааст Муҳиддин Кабирӣ.
Дар идомаи баёния омадааст, ки “аз услуб ва муҳтавои ин барномаҳо, инчунин шабоҳати онҳо ба барномаҳое, ки қаблан аз тариқи мақомоти расмӣ омодаву паҳн мешуданд, бармеояд, ки на ҳамаи курсинишинону мақомдорони давлатӣ ва афроди наздик ба долонҳои ҳукумат дар фикри сулҳу субот ва рушди минбаъдаи кишвар мебошанд. Агарчи ин гуна афрод дар мақомот ва идораҳои давлатӣ ақалият мебошанд, вале бо истифода аз ваколату салоҳиятҳои дар ихтиёрдошта, он ҳам дар пӯшиши ҳимоя аз “сиёсатҳои роҳбарияти кишвар ва манфиъатҳои давлатию миллӣ” бо равиши “тафриқа андозу ҳокимият бирон” дунболи ҳадафҳои маҳдуди шахсӣ ва гурӯҳии худ мебошанд. Вагарна барои ҳар инсони солимақлу огоҳ маълум аст, ки барангехтани кинаву адоват нисбати ҳизби конститутсионӣ ва парлумонӣ, он ҳам як тарафи сулҳ ва ваҳдати миллӣ, танҳо пояҳои суботи ҷомеъа ва амнияти миллиро заъиф мегардонад. Гузашта аз ин ин тарзи барномарезиҳо пеш аз ҳама бар зидди ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон равона гаштааст”.
Вакили парлумон меафзояд, ҲНИТ, ки дар авҷи қудрат ва тавонмандиҳои худ ба хотири миллату пойдории давлат сулҳ кард ва ҳазорҳо пайравони мусаллаҳашро дар тобеъияти ниҳодҳои расмии кишвар даровард, имрӯз аз тарафи ин доираҳо ҳамчун нерӯи барҳамзанандаи суботу оромиш муаррифӣ мегардад.
“Ба касе пӯшида нест, ки сиёсатҳои зиддинаҳзатӣ маҳз пас аз интихоботи парлумонии 2010 оғоз гаштанд, он ҳам аз тарафи мақомоти давлатӣ ва расонаҳои хабарии расмӣ. Нигаронии мо ҳам бештар дар ҳамин аст. Чӣ гуна дар мақомоти давлатӣ касоне кор мекунанд, ки сиёсатҳои ошкори зидди сулҳу субот ва ваҳдати миллиро роҳандозӣ намуда, фосилаи мардумро аз ҳукумат бештар месозанд, бо кадом ҳадаф ва алайҳи кӣ? Чаро ҳеч масъули баландпояе дастури ошкору қотеъ барои қатъи ин амалҳои иғвогарона содир намекунад ва касеро ҷазо намедиҳанд? Агар сулҳу ваҳдати мо душмани хориҷӣ дорад, ин табиист ва набояд аз ин нигарон бошем. Аммо нигаронии шадид ва нороҳатӣ он аст, ки ваҳдат ва суботи мо душмани дохилӣ пайдо кардааст ва онҳо беш аз пеш қавитару ҷасуртар мешаванд. Шояд вақти он расида бошад, ки роҳбарияти кишвар ҳамчун кафили амнияти давлат ва суботи ҷомеъа, инчунин имзокунандаи Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ин кор дахолат намуда, пеши роҳи тафриқаандозони миллатро бигирад?!”,-омадааст дар баёния.
Муҳиддин Кабирӣ дар идома навишта, ки дар ин ду се соли ахир ба хотири зарбаи иттилоотӣ расонидан ба тарафи дигар чеҳраи миллат ва дини худро хадшадор кардем. Аз ҳарду тараф тоҷикон ва тоҷикистониён якдигарро сиёҳ мекунанд, ки сазовори як миллати огоҳу худшинос нест. Новобаста аз он ки ин маъракаи таблиғотии нангинро алайҳи миллат ва дин кӣ оғоз кард, вақти он расидааст, ки ба он хотима дод: “даъвати мо бештар ба масъулин, аъзо ва тарафдорони ҲНИТ мебошад, ки то имрӯз аз сабру таҳаммули тоҷикона кор гирифтаанд ва бояд дар ин сиёсати худ устувору собит бимонанд”.
Ба қавли раиси ҲНИТ, “фарҳангу арзишҳои мо иҷозат намедиҳанд, ки аз равишу усулҳои мухолиф ба қонун, шариъат ва ахлоқ истифода намоем. Бояд дар чорчӯби фарҳангу ахлоқи исломию миллӣ, бо истифода аз тамоми имконоти мавҷудаи қонунӣ аз сулҳу ваҳдат ва ҳуқуқу обрӯи худ ҳимоят кард, ҳамон коре, ки то имрӯз кардаем, шояд боз ҳам ҷиддитару қавитар”.
Филми "Дар сояи мунофиқони ҲНИТ", ки 15-уми март дар Ютуб нашр шуд: