Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар мулоқот бо Собир Аъзам, масъули СММ оид ба гурезаҳо теъдоди гуреза ва паноҳҷӯяндаҳои хориҷиро дар Тоҷикистон 1918 нафар арзёбӣ кардааст.
Ин оморро дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон нашр кардааст, ки дар муқоиса бо омори паҳнкардаи созмонҳои байналмилалӣ камтар аст.
Наҷиба Ширинбекова, мудири иҷроияи созмони “Ҳуқуқ ва рушд” бо такя ба маълумоти СММ теъдоди умумии гуреза ва паноҳҷӯяндаро дар Тоҷикистон 2048 нафар арзёбӣ намуд, ки аксари онҳоро хонаводаҳои афғон ташкил медиҳанд.
Дар ҳоле, ки вазири тоҷик аз беҳбуди шароити гурезаҳо дар Тоҷикистон тавсиф кардааст, Ширинбекова мегӯяд, хонаводаҳои афғон аз сабаби мушкили дастрасӣ ба таҳсил ва ҳамзамон пайдо накардани ҷойи кор дархости бозгашт ба Афғонистонро кардаанд: “Дар соли 2013 нӯҳ хонаводаи афғон, иборат аз 43 нафар, бо сабаби пайдо накардани ҷойи кор ва номусоид будани вазъ ба кишвари худ баргаштаанд.”
Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон зимни ворид намудани тағйирот ба қонун “Дар бораи гурезаҳо” масъалаи пазироии хуб накардан аз гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, баҳсе миёни вакил Муҳиддин Кабирӣ ва Шукурҷон Зуҳуров раиси парлумони Тоҷикистон ба миён овард:
Мӯҳр