Даъвати Тошканд аз ҷонибҳои даргири нооромиҳои Украина
Вазорати умури хориҷии Узбакистон бо пахши як изҳорот аз ҷонибҳои даргири нооромиҳои Украина даъват кардааст, буҳрони пешомадаро аз роҳи гуфтугӯ аз байн баранд.
Дар ин изҳороти ВУХ-и Узбакистон, аз ҷумла омадааст, “вазъияте, ки ҳоло дар Украина ба миён омадаасту ба ҳокимият ва тамомияти арзии ин кишвар таҳдид мекунад, Тошкандро нигарон кардааст.” Инчунин таъкид шудааст, ки Тошканд роҳҳали мушкилоти Украинаро танҳо дар гуфтугӯ ва сулҳи ҷонибҳо дида, истифодаи неруи низомӣ дар чунин вазъиятро ба манфиати кор намедонад.
Дар охир, мақомоти Узбакистон ибрози умедворӣ кардаанд, ки ҷонибҳои даргири Украина ҳатман истефода аз роҳи низомиро канор гузошта, сари мизи гуфтушунид хоҳанд нишаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |