Боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо 35 кило “афюн”
Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дашти-ҷуми ноҳияи Шӯрообод бо иттиҳоми қочоқи маводи нашъадор як шаҳрванди 41-солаи Афғонистон боздошт шудааст.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни кофтуков аз борхалтаи Комилхон валади Ҳоҷивакил 35 кило маводи нашъадори “афюн” ва 4 килою 540 грамм “бангдона” ёфт ва мусодира кардаанд.
Манбаъ ҳамчунин афзуд, зимни азназаргузаронии сабукрави тамғаи “ВАЗ-21010” (рақами давлатиаш ЕР 55-80 РТ 01), ки ба сокини ноҳияи Рудакӣ -- Шаҳроми Шералӣ таалуқ дорад, 1 килою 140 грамм “ҳашиш” дарёфт ва мусодира шудааст: “Дар вақти санҷиши иловагӣ муайян гардид, ки маводи мазкур ба Шуҳрат Каримов, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ҳисор тааллуқ дорад”.
Нисбат ба ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |