Таъсиси мактаби коргардонии Барзу Абдураззоқов дар Бишкек
Мактаби коргардонии Барзу Абдураззоқов, режиссёри шинохтаи тоҷик, дар театри ба номи Абдумомунови шаҳри Бишкек таъсис ёфтааст. Ҷаноби Абдураззоқов дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин ҳамон чизе буд, ки мехост дар Тоҷикистон ташкил кунад, вале муваффақ нашуд.
“Ҳоло ман ба як орзуи худ расидам ва мактаби коргардонӣ ҳам фаъол шуд”,-афзуд ӯ. Барзу Абдураззоқов, ки ҳоло расман дар театри ба номи Чингиз Айтматови Қирғизистон кор мекунад, гуфт, ин шабу рӯз барои ба саҳна гузоштани асари “Дон Жуан”-и Молйер заҳмат мекашад ва қарор аст, ба зудӣ намоиш дода шавад.
Ин коргардони шинохтаи театри тоҷик дар охири моҳи январи соли ҷорӣ Тоҷикистонро ба қасди Қирғизистон тарк кард ва наздикони ӯ гуфтанд, Барзу барои кор ва зиндагӣ ба шаҳри Бишкек рафтааст. Далели тарки Тоҷикистон кардани коргардони маъруфро ба он рабт доданд, ки дар театрҳои кишвар ӯро ба кор нагирифтаанд. Абдураззоқов яке аз коргардонҳои шинохтаи Тоҷикистон аст, ки дар гузашта раҳбарии Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри ҷавонон ба номи Маҳмуди Воҳид дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Шамсиддин Орумбеков, вазири нави фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи 27 январ тайи як нишасти хабарӣ дар мавриди тарки Ватан кардани Барзу Абдураззоқов изҳори назар кард ва гуфт, “ин ҳаққи шаҳрвандӣ ва хоҳишу интихоби худи Барзу аст.” Орумбеков афзуд, Абдураззоқов боре ҳам барои кор ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон муроҷиат накарда ва дар мавриди кор бо вазир мулоқоте ҳам надоштааст. Ин дар ҳолест, ки Маҳмадсаид Пиров, муовини аввали вазири фарҳанг, илова кард, ӯ бо Барзу сӯҳбати тӯлонӣ дошта ва аз нияти барои кор ба хориҷа рафтанаш огоҳ будааст: “Ин таҷрибаи ҷаҳонӣ аст, ки мутахассисони хуб барои кор ба хориҷа мераванд. Мо ҳам барои ҷалби коргардонҳои маъруфи хориҷӣ маблағи кофӣ дорем. Барзу ҳам дар асоси шартнома кор мекард ва рафтан ба Бишкек ин интихоби ӯст. Барзу агар аз мост, ӯ бармегардад."
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |