Бахшҳо
24 фев 2014 13:19Тоҷикистон / Сиёсат

Эълони омилҳои марги Умедҷон Тоҷиев дар бемористони СИЗО

Маркази ташхиси судӣ-тиббии вилояти Суғд омилҳои марги Умедҷон Тоҷиев, узви зиндонии ҲНИТ-ро, ки дар бемористони боздоштгоҳи муваққати Хуҷанд фавтид, муайян ва эълон кардааст. Ба иттилои ин ниҳод, Тоҷиев “бар асари пайдо шудани тромбаи калонҳаҷм дар рагҳои хунгарди шуш”, ки боис ба пешгирии роҳи нафаскашӣ шудааст, ба ҳалокат расидааст.

Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеъ, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар хулосаи Маркази ташхиси судӣ-тиббӣ, ки рӯзи 21 феврал дастраси ӯ шуд, омадааст, “Тоҷиев дар пайи беҳаракат боқӣ мондан ба муддати тӯлонӣ ба ин беморӣ дучор шудааст”.

Ба гуфтаи ин ҳуқуқшиноси тоҷик, ӯ рӯзи 19 январи соли ҷорӣ, баъд аз марги Тоҷиев расман ба таври хаттӣ ба Маркази экспертизаҳои судӣ-тиббии вилояти Суғд муроҷиат карда, ташхиси омилҳои марги ин узви ҲНИТ-ро талаб карда буд. Хонум Воҳидова мегӯяд, бояд ташхиси омилҳои марги Умедҷон Тоҷиев, ки ҳоло ин имконият ҳаст, дубора аз сар гузаронида шавад.

Зеро ба гуфтаи ӯ, худи Тоҷиев қаблан аз мавриди шиканҷа қарор гирифтанаш аз сӯи кормандони мақомоти қудратии Исфара шикоят карда буд. Вале мегӯяд ӯ, рӯшан нест, ки наздикони ӯ барои кушодани қабрашу дубора ташхис кардани он ризоият медиҳанд ё не.
Мӯҳр
"тромбаи калонҳаҷм дар рагҳои хунгарди шуш" бар асари бехаракати пайдо намешаванд. Ман инро ба Шумо чун духтур мегуям.
"тромбаи калонҳаҷм дар рагҳои хунгарди шуш" бар асари кам расидани хаво ба шуш ва махуд шудани оксиген пайдо мешаванд. Одатан дар шуши хамаи он нафароне, ки бо рохи буги кардан, худкушии тарики овехтан, ва дигар ходисахои бугишави мефавтанд, хатман дар шуи онхо тромбахо пайдо мешаванд.
Ба хамин хотир маслихат медихам, ки бехуда часади мархумро аз кабр берун накашед ва монед оромиеро ки дар ин дунё наёфт, дар он дунё биёбад. агар ба берун аз кишвар ичозаи бурдан ва ташхис гузаронидан бошад, шояд натичае ба даст ояд. Дар дохил , натичаи хама гуна ташхис бо маслихат аз боло дода мешавад.

Дар Точикистон оё ягон бор хакикат руйи об баромада буд ки ин бурод? Инохо аз худо наметарсанд машаккат накашед!

Доктор, хеле аз Шумо миннатдорам, ки дар ин самт бо додани маслихати муфид кумак кардед.

InshoAlloh ruze meshavad ki in kotiloni umedjon niz rangi imruza podshohi odamkushi ukroin gureza khohand shud.voy bar holi shumo sagoni yahudi!

Marg ba kotiloni Umedjoni shahid

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)