Талоши “Хома” барои ҳалли мушкили кадрӣ дар расонаҳои Тоҷикистон
Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» барои ҳалли мушкили норасоии кадрҳо дар Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон лоиҳаи “Маркази рушди маълумоти журналистӣ”-ро роҳандозӣ кардааст, ки беш аз 70 нафар довталабро ба омӯзиш фаро мегирад.
Аз ташкилоти «Хома» ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки ин маъракаи омӯзишӣ бо дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ хоҳад шуд.
Тибқи лоиҳаи «Маркази рушди маълумоти журналистӣ» омўзиши 4 гурӯҳ- журналистон, наворбардорону танзимгарон, дизайнерон ва коргардонҳову рушанидиҳандагон ба нақша гирифта шудааст. Манбаъ мегӯяд, иштирокчиён давоми 8 моҳ бо ду давраи омӯзишии комил ва давраҳои фосилавӣ машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ гузашта, ҳамзамон ба омӯзиши фосилавӣ фаро гирифта мешаванд.
Масъулини «Хома» таъкид мекунанд, ки солҳои ахир роҳбарони расонаҳои Тоҷикистон ниёзмандияшонро ба журналистони ошно бо воситаҳои мултимедӣ баён мекунанд. Мутобиқи тадқиқоти «Хома» дар бозори телевизионӣ (2012-2013) қариб 90% роҳбарони телевизионҳо қайд намудаанд, ки кормандонашон ба тренингҳо эҳтиёҷ доранд: "Бахусус талабот ба тренингҳо оид ба тележурналистика (зиёда аз 60%), маҳорати наворбардорӣ (қариб 70%) ва дизайнери компютерӣ (қариб 40%) бештар аст”.
Қабули довталабон барои ширкат дар озмуни омӯзиши журналистикаи телевизионӣ то 26-уми феврали соли равон идома хоҳад кард ва хоҳишмандон метавонанд бо ворид шудан ба суроғаи зер маълумоти бештар пайдо намоянд: https://khoma.tj/index.php?option=com_content&view=section&layout=blog&id=8&Itemid=12
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |