Сиёвуш Зуҳуров: Ман домоди президент нестам (ВИДЕО)
Сиёвуш Зуҳуров -- писари Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар суҳбат бо “Озодагон” домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон будани худро рад кард.
Зуҳуров баъди гирифтани медали нуқра дар сабқати байналмилалии “карате ню-фул контакт” ва “кикбоксинг” дар Эрон бо “Озодагон” суҳбат карда гуфт, хабарҳо, ки гӯиё ман домоди раисиҷумҳурам ягон асос надоранд: “Ман ҳанӯз 20-солаям ва феълан муҷаррад мебошам. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултаи ҳуқуқшиносӣ мехонам. Ҳамаи овозаҳо дар бораи хонадории ман бофта аст.”
Ба суоли “Озодагон”, ки бармеояд, духтари президент ҳамсари бародари Шумост, бо табассум “намедонам” гуфт.
Ин дар ҳолест, ки қудо шудани Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Бег Зуҳуров тобистони соли гузашта расонаӣ гардид ва баъди ғолибияти Сиёвуш Зуҳуров дар Эрон дубора ин мавзӯъ дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Сиёвуш дар хабарҳо ҳамчун домоди раисиҷумҳур муаррифӣ шуд, аммо худи ӯ инро дурӯғ хонд.
Ӯ ахиран дар Эрон бо ду рақиби худ - яке аз Ироқу дигаре аз Эрон - дастболо гардид ва дар даври ниҳоӣ бо сабаби лат бардоштани пояш натавонист ба рӯи татамӣ барояд ва соҳиби медали нуқра гашт.
Сиёвуш Зуҳуров афзуд, ки фаъолияти варзишияшро падараш Бег Зуҳуров сарпарастӣ мекунад ва дар идома ҷузъиёти қувваозмоӣ ва лат бардоштанашро ба “Озодагон” шарҳ дод, ки пешниҳоди Шумо мекунем:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |