Норозигии масъулони Хуҷанд аз “дақ.”-у “дир.”-и Тселл
Масъулони ҳукумати Хуҷанд, ки рӯзҳои 18 ва 19 феврал тамоми лавҳаҳои таблиғотию номгузории фурӯшгоҳҳоро санҷиш карданд, аз кӯтоҳ намудани баъзе калимаҳои тоҷикӣ, ба мисли “дирам”-у “дақиқа” дар рекламаҳои ширкати мобилии Тселл норозигӣ карданд. Дар ин рекламаҳо ба ҷои дирам “дир.” ва ба ҷои дақиқа “дақ.” навишта шудааст.
“Дар забони тоҷикӣ “дир” ва “дақ” гуфтанӣ калима нест ва барои ҳамин бояд шакли пурраи дақиқа ва дирам навишта шавад”,-гуфт дар сӯҳбат бо мо Ҷамолиддин Икромиддинов - мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд. Мусоҳиби мо афзуд, “кумисюн беш аз 20 фурӯшгоҳеро, ки номҳояшон ғайри тоҷикӣ аст, аз назар гузаронда, барояшон даҳ рӯз муҳлат дод, то аз номгузории хориҷӣ даст кашанд. Вагарна нисбат ба онҳо чораҳои мушаххас андешида мешавад.”
Вале дар баробари ин, манбаъ қайд намуд, бархе аз фурӯшгоҳҳое, ки воқеан ҳам намояндагии ширкатҳои хориҷиро дар асоси ҳуҷҷатҳои зарурӣ расман муаррифӣ менамоянд, онҳо ба ҳамон номҳои пешинаашон меистанд. Ин тасмим ба дунболи интиқоди Абдураҳмон Қодирӣ, раиси нави вилояти Суғд, зимни як ҷаласаи васеи ҳукумат, гирифта шудааст.
Қодирӣ 20 январи соли ҷорӣ дар як ҷаласаи васеи корӣ аз матни хароби рекламу риоя нагардидани меъёрҳои забони давлатӣ шикоят карда, ба масъулин супориш дода буд, дар ояндаи наздик ин камбудҳоро бартараф намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |