Таъхири баромади ҳимоятгарони Олга Тутубалина дар додгоҳ
Мурофиаи ниҳоии баҳси Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи русизабони “Азия-Плюс”, бо зиёиён, ки қарор буд, 17 феврал баргузор шавад, ба таъхир гузошта шудааст. Дар ин бора ба “Озодагон” Иноят Иноятов, вакили мудофеи Олга Тутубалина, хабар дода, афзуд, “мурофиаи навбатӣ рӯзи 21 феврали соли ҷорӣ баргузор мешавад”.
Иноятов далели ба таъхир афтодани мурофиаи ниҳоиро дар омода набудани ҷониби ҳимоятгар барои музокироти додгоҳӣ унвон кард. “Ба таъхир мондан, ин дархости Шуҳрат Қудратов, яке аз вакили дифои дигари хонум Тутубалина мебошад”,-гуфт ӯ.
Рӯзи 13 феврали соли ҷорӣ ҷониби даъвогарон дар додгоҳ баромад карда, аз додрас хоста буданд, ки ба фоидаи зиёиён аз ҳисоби нашрияи русизабони “Азия-Плюс” 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ рӯёнда шуда, бо пахши як раддия аз онҳо маъзаратхоҳӣ низ шавад. Қарор буд, 17 феврал вакилони мудофеи Тутубалина баромад карда, додгоҳ ба ин баҳс нуқта мегузорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |