Куштори Умар Қаюмов, раиси зиндони Кӯлоб, аз сӯи як маҳбус
Полковник Умар Қаюмов, раиси зиндони шаҳри Кӯлоб, шоми 16 феврали соли ҷорӣ аз сӯи маҳбус, Умед Тешаев, ки қаблан ба ҳайси сартарош кор мекарду тобистони соли ҷорӣ ба зиндон маҳкум гардид, кушта шудааст. Ин ҳодиса дар ҳоле рух дода, ки Умар Қаюмов аз маҳбус хостааст, то мӯи сари ӯро ба тартиб дароварад.
Мақомот мегӯянд, ҳоло дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҳодиса таҳқиқ мешавад. Ин дар ҳолест, ки ба қавли манобеи “Озодагон”, Умед Тешаев бо қайчӣ сардори зиндони Кӯлобро ба ҳалокат расондааст. Ин маҳбус тобистони соли гузашта дар дӯкони сартарошиаш ба Абдурасул Алиеви 51-сола 54 корд зада буд.
Умар Қаюмов тӯли 12 соли охир сардори зиндони Кӯлоб будааст, қарор будааст соли оянда бознишаста шавад. Ӯро дар шҳари Кӯлоб яке аз пулисҳои меҳрубон унвон мекунанд, ки бо зиндониён муносибати хубе доштааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |