ВИДЕО: Ишораи мақомот ба дасти ҲНИТ дар ҷанг алайҳи Башор Асад
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия ба қазияи маҳкумияти як гуруҳ ҷавонони тоҷик барои ҷанг алайҳи Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия баргашта, дар мисоли яке аз маҳкумшудаҳо Муъминов Баҳриддин-и 25-сола омилҳои даст ба ҳаракатҳои ифротӣ задани ҷавонони тоҷикро ба баррасӣ кашидааст.
Ин ниҳод мегӯяд, аксаран ҷавонони тоҷик аз миёни қисмати аз нигоҳи идеологӣ осебпазири муҳоҷирини меҳнатии тоҷикистонӣ дар қаламрави Русия, аз ҷумла аз миёни собиқ хатмкардаҳои мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ, интихоб ва сипас бо баҳонаи гирифтани таҳсили исломӣ тариқи масирҳои маълуми кишварҳои ҳаммарз ба Сурия ғайриқонунӣ сафарбар карда мешаванд: “Аз ҷумла шаҳрванд Муъминов Баҳриддин Файзалиевич, соли таваллудаш 1989, дар деҳаи Ҳулбуки ҷамоати Тагиҷари ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст, оиладор, маълумоташ миёна, сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ҷараёни таҳсили диниаш дар Сурия зери таъсири таблиғоти ҷиҳодии фаъолони гурӯҳҳои террористии муқими ин кишвар қарор гирифта, дар муҳорибаҳои ҷангӣ ва амалиётҳои террористии ин созмонҳо алайҳи ҳукумати конститутсионии Сурия ширкат варзидааст.”
Кумитаи амнияти миллӣ мегӯяд, соли 2010 Баҳриддин Муъминов дар 21- солагӣ бо мақсади гирифтани таълимоти ғайрирасмии динӣ, тариқи хатсайри ҳавопаймои Душанбе-Истанбул ва аз он ҷо ба воситаи автобус ба шаҳри Димишқи Сурия сафар намудааст: “Баҳриддин Муъминов ва якчанд ҳаммаслакони ӯ аз ҳисоби шаҳрвандони тоҷикистонии машғули таҳсил дар Донишгоҳи «Маъҳат дували-ул-улуми араби»-и Сурия моҳҳои октябр-ноябри соли 2011 ва феврали соли 2012 дар ҳайати созмони террористии «Ҷабҳат-ун-Нусра» дар муҳорибаҳои ҷангӣ зидди нерӯҳои мусаллаҳи ҳукуматии Сурия фаъолона иштирок намуданд. Вобаста ба сатҳи иштирок дар амалиётҳо ба Баҳриддин Муъминов ва шариконаш маблағи муайян пардохт мегардидааст. Чанд нафар аз ҳамсафони Баҳриддин дар ин амалиётҳо кушта шуданд.”
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки «Ҷабҳат-ун-Нусра» аз моҳи январи соли 2012 ҳамчун созмони террористӣ шинохта шуда, қаноти суриягии ташкилоти байналмилалии террористии «Ал-Қойида» маҳсуб меёбад. Худи Муъминов дар навори паҳнкардаи мақомоти тафтишотӣ худро узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.
Дар пасманзари ин мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон суол гузоштаанд, ки “оё иқдомҳои мазкур ба ахлоқи як ҳизби сиёсӣ, ки рисолаташ талқини дин аст, мувофиқат мекарда бошанд? Ин ҳолат изҳороти роҳбарони баъзе аз аҳзоби сиёсии кишварро, ки даъво доранд аъзоёнашон доимо таҳти назорат қарор гирифта, ҷиноят содир намекунанд, зери суол мебарад.»
Қазияи ҳузур ва иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар нооромиҳои дохилии Сурия ба як масъалаи баҳсбарангез ва нигаронкунанда табдил ёфтааст. Ахиран Сергей Смирнов, муовини аввали раиси ФСБ-и Русия, гуфт, мушкили кирояи ҷангҷӯён дар тамоми кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Тоҷикистон ҷой дорад. Ба гуфтаи ӯ, аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин, Қазоқистону Узбакистон низ ҷангҷӯёни кироя алайҳи ҳукумати Сурия меҷанганд. Аз сӯи дигар, Аҳмад Бадриддин Ҳассун, муфтии аъзами Сурия гуфта буд, теъдоди тоҷикон, ки дар ин кишвар алайҳи ҳукумат меҷанганд, 190 нафар арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |