Бахшҳо
11 фев 2014 10:01Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Шарҳи Тӯраҷонзода баъд аз баҳси Амонуллозода бо Эшони Нуриддинҷон

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон, иҷрои васияти майитро ҳатмӣ ва интихоби имомро барои гузоридани намози ҷанозааш аз нигоҳи Ислом ҳаққи ворисон хондааст.

Собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон дар посух ба суоли яке аз корбарони Turajon.оrg, веб-сайти хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо, гуфтааст, “соҳибони майит ҳаққи интихоби имомро доранд ва касе ҳуқуқ надорад бе иҷозаи онҳо имоми намоз шавад, хоҳ муфтӣ бошад хоҳ хатиб.” Тӯраҷонзода аз суханони Имоми Аъзам иқтибос оварда, таъкид кардааст, ки ворисони майит аз султону қозӣ ва муфтӣ дида, ҳаққи бештар ба интихоби имом доранд.

“Модоме, ки вориси майит авлотар ба имоматӣ аз дигарон бошад, пас, ӯ метавонад намози ҷанозаро ба ҳар касе хоҳад вогузор кунад ва касе ҳақ надорад ин ҳаққи ворисро нодида бигирад”,-гуфтааст ӯ. Ба қавли Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, нодида гирифтани васияти майит ва ҳаққи соҳибони ӯ як навъи маҳдудкунии озодии онҳо бидуни далели шаръӣ мебошад.

Як моҳ пештар дар Ютуб (YouTube) наворе бо номи “Ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ” роҳ ёфт, ки мавриди баҳси зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт. Асли баҳс сари ин аст, ки наздикони Ҳоҷӣ Қурбоналӣ аз рӯи васияти падарашон барои гузоштани намози ҷаноза Эшони Нуриддинҷон, яке аз рӯҳониёни шинохтаи кишварро, даъват кардаанд. Вале Ҷамолиддин Амонуллозода, писари муфтии собиқи Тоҷикистон, монеи пеш гузаштани ӯ мегардад ва мегӯяд, “Ҳазрати Эшон, ин ноҳия соҳиб дорад. Дар куҷое аз ноҳияи Рӯдакӣ намози ҷаноза аст, касеро намемонам, худам мехонам.”

Ин дар ҳолест, ки Тӯраҷонзода мегӯяд, дар шариати исломӣ васият кардан пеш аз марг машруъ ва ҳатто суннати муаккада аст. Ба қавли собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон, шахси мусулмон ҳаққи васият карданро дорад ва иҷрои он барои ворисонаш ҳатмӣ ва зарурист: “Расули Худо (с) гуфтаанд: “Барои мусулмон ҷоиз нест, ки ду шаб пайи ҳам бигзарад дар ҳоле ки васияти мехостааш навишта нашуда бошад.”

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар идома аз саргузашти хулафои рошиддин ва завҷаҳои паёмбари Ислом (с) мисол оварда мегӯяд, аксари ин шахсиятҳо пеш аз марги худ шахси пешдаро дар намози ҷаноза ва макони ба хок супорияшонро муайян карда буданд: “Модарамон ҳазрати Оишаи сиддиқа (р) васият кардаанд, ки ҳазрати Абуҳурайра (р) дар ҷанозаашон имоматӣ бикунад. Дар замони ҳазрати Оиша Мадинаи мунаввара амир аз ҷониби халифа (ҳазрати Муовия р) муайян карда шуда буд, аммо бо вуҷуди ин ҷанозаи он ҳазратро Абуҳурайра хонд, дар ҳоле ки ӯ вазифаи амирӣ ё имоматӣ аз ҷониби халифа надошт.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Shoyad in imomon az nodonii mardum ba ahkomi shariat istifoda burda chi khele ki khohand hon khel raftor mekunand....Charo imom janjol mekunad ? Malum ast ki pul megirad vagarna janjol namekunad

Турачонзода аз кучо гап мезанад? Охир дар фикхи ханафи ин тавр нест. Эмоми Аъзам гуфтааст, ки подшох аввал баъд подшох касеро гузорад, кози, муфти ва охир эмоми махалла. Э товба, наход Хочи Акбар дар зуромад дуруг гуяд. Дуруг торикии эмон аст. Биби Оиша - уммулмуъминин аст кобили мукоиса нест. Э ихлосам аз хамин Туразодахо гашт!

Ин далелхои овардаи Турачонзода далелхои ъом мебошанд.
Аммо ворисони майит аз султону козиву муфти хакки зиед доранд, мусаллам нест, зеро дар хадис омадааст, ки "لا يؤمن الرجل الرجل في سلطانه" .
Масъалаи авло бар имомати майит дар байни олимон ихтилофи калон вучуд дорад.
Аммо аз чихати он, ки бародари ин кас бар имоми нохия имомати кардааст, далелхо ба фоидаи худ гуфта шудаанд....
Худо хамаи моро хидоят кунад....

инсоф
чамолиддин худата эхтиёт кунед,ки оилаи турачонзодахо аз хоб бедор шуданд

Дар кадом китоби муътамади ханафи гуфта бошад, ки вориси майит авлотар ба имоматии чаноха аст........
Он даврахо гузашт домуллохои нимчамулло. Акнун одамон сохиби саводи арабиву шаръи шудаанд, фиреб кардану ба манфиати худ чумлахои араби гуфтан гузашта рафт......
Хамин бесаводон муаллимонро кофир гуфта буданд, хол он, ки намозхояшонро онхо мехонданд...
Даври шумо гузашт фиребгарони бе акида.....
Мурдани инхо бехтар, ки дар чое, ки пулу мол хаст далел меебанду, дар масъалахои имрузаи чомеа саводи ягон чи гуфтан надоранд......
Хамин гуна нимчамулохоро барои худо бад мебинам.....

Darvesh
O bacha ina hamiqa solda Turajonzoda nav gapi durust guftay!!!!

Саид
Jura,
Ошно хеле ҳол мекунӣ вақте ҳадисро дуруғ тафсир мекунӣ? Магар бимин инро надорӣ, ки ҳастанд касоне, ки мафҳуми ҳадисро медонанд. аввалан ин, ки ин ҳадис бар зидди гуфтаҳои ту истидлол аст. Сониян ин, ки аввали ҳадисро қайчӣ накунед. Чунки аввали ҳадис чунин аст لا يؤمن الرجل الرجل في بيته Акнун гуш кун маънои ҳадис чист. Ҳеч кас ҳақ надорад каси дигарро дар хонааш имоматӣ кунад ва ҳеҷ кас ҳақ надорад бар каси дигар дар ҳоли молик буданаш имоматӣ кунад. калимаи "султониҳи" ба маънои соҳибу молик будан. Яъне ин маънои онро дорад, ки касе дар болои каси дигаре, ки молик аст ҳуқуқи имоматиро надорад. Албатта валии майит ин султони майит аст султон яъне молик ва ҳуқуқдори майит аст. Ҳайф аст, ки ба хотири намедонам ғараз ва ё кина ҳатто ҳадисро таҳрифсозӣ кунед.

5555
салам алайкум сафарбой!бовар кун то хозир дар ягон кас рохе нишон додаи ки хайр дида бошад Аввал андеша бад гуфтор
бовар кун бехудагу бисер будаст да на Худо доранд на дин аъузубиллах!дин аз сахобаю умахотул муъминин РА расидаги барои мо бо Оиша модар РА кобили мукоиса набудаст бо номаш мусалмон!

Диловар
Сафар агар сохиби майит набошад баъд хаки пошою муфти мешавд бисертар хон !

Точик
Мо точикон гайри эрод гирифтану камбудии якдигарро кофтан дигар хунаре надорем. Ман хайрон мешам, магар ягон подоше барои танкиди муъминон аз чониби Худованд бошад?

ислом.mail.ru
ба бобои инсоф.Шумо бобои Чамолиддинро хушер додеду дер.Оилаи Турачонзодахо кайхо бедоранд шумо дар хоби гафлат хастед

Jura......in hadisi ovardai tu faqat baroi imom shudan dar namozi 5 vaqta ast na dar namozi janoza......Ammo dar janoza imomro khudo mutavafo qsbl sx vsfot vasiyat mekunad.....Agar nakunad votisoni u haw dorand ki imomro ikjtiyor lunand.....Agar dar 1 vaqt 2 yo ziyodtar janoxa shavad on goh imomi masjid haq dorad ki janoza kunad

Точик
Аввал тамоми матнро аз сайти Turajon org бихонед ва далоили оварда бо зикри номи муаллифива китоб ва зикри шумораи сафха бихонад баъд хулосабарори намоед. Кормандони сомонаи Озодагон агар матнро комилан меовардан хуб мешуд ва боиси нофахмихо намешуд. Мавзуи авлавияти султону хокиму муфти дар фикхи ханафи масъалаи муттафакун алайхи нест. Касоне ки авлавиятро ба хоким, ноиби у ва муфтию имом додааст, мурод аз онхо хокими давлати исломи аст на хокими давлати дуняви ки зидди ислом ва ахкоми Худо ошкоро мубориза мебаранд. Табиист ки хокимони дунявии зидди исломи шахсиятхои исломиро муфтию кози ва имоми хатиб таъйин намекунанд. Аз ин ру вориси баномусу мусулмон кушиш мекунад ки чанозаи наздикашро шахси ботакво, боилм, Худотарс бихонад, на имом е хатибе ки имони созе надорад ва шояд бе тахорат пеш дарояд.

муаллим
мо вазифа дорем аз доно ,аълам пайрави кунем.фикр мекунед аъзои шурои уламо ва чамолиддин аз эшони нуриддин ва бародаронаш донотаранд?!

мо вазифа дорем аз доно ,аълам пайрави кунем.фикр мекунед аъзои шурои уламо ва чамолиддин аз эшони нуриддин ва бародаронаш донотаранд?!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)