Бахшҳо

Талқини "зиндасароӣ" ва ҷанги ҳукумат бо "фонограмма"

Масъулони раёсати фарҳанги ҳукумати Суғд мегӯянд, “фонограмма” дар шаҳри Конибодом тамоман манъ шуда, ҷилавгирии он дар дигар шаҳру навоҳии шимоли кишвар низ идома дорад. Ин тасмим ба дунболи интиқоди Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, дар ҷаласаи васеи ҳукумат, гирифта шудааст.

Оқои Қодирӣ аз тақлидкории ҳунармандони вилоят ба “фарҳанги бегона” танқид карда, аз бетаваҷҷуҳии онҳо ба фарҳанги миллӣ ва овозхонӣ ба таври зинда изҳори норизоӣ намуда буд. Набиҷон Ҷӯраев, сармутахассиси Раёсати фарҳанги вилоят, ба “Озодагон” гуфт, “манъи пурраи фонограмма, ки солҳои зиёд боз ҳаст, якуякбора намешавад. Барои ин фурсат лозим аст, вале алҳол дар робита ба ин, дар миқёси вилоят кор мебарем ва дар ояндаи наздик ба як тартибу низом дароварда хоҳад шуд.”

Ҳадаф аз чунин тасмимро масъулин ба дастгирии ҳунармандони касбӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати суруду оҳангҳо рабт медиҳанд, ки ба қавле ҳофизону навозандагонро маҷбур месозад, аз болои хеш боз ҳам кор кунанд. “Он нафаре, ки воқеан ҳам хондаву суруда ва навохта метавонад, барои ӯ ягон мушкил надорад, вале онҳое, ки наметавонанд, ё аз саҳна мераванд ва ё аз болои худ ҳадди ақалл кор мекунанд”,-илова намуд Ҷӯраев.

Сармутахассиси Раёсати фарҳанги вилоят қайд намуд, ки феълан дар шаҳри Конибодом фонограмма пурра манъ карда шудааст ва ҳофизону навозандагон зинда месароянду менавозанд. “Бояд мардум худашон низ аз сарояндагон талаб намоянд, ки консертҳояшонро ба таври зинда пешкаш намоянд, чун вақти зиндасароӣ ҳунарманд метавонад, як суруди хешро ба чанд навъ хонаду сарояд, ки он барои шунавандаву тамошобин як ҳаловату кайфияти тоза мебахшад. Вале чунин ҳолат дар фонограмма ҳеч гоҳ вуҷуд надорад”,- изҳор дошт Набиҷон Ҷӯраев.

Гуфта мешавад, фонограмма танҳо дар маконҳои бузургу хос, мисли варзишгоҳ, намоишномаҳои театрӣ ва ба монанди инҳо, иҷоза дода мешавад. Маврид ба зикр аст, ки феълан дар қаламрави вилоят Шӯрои бадеӣ ташкил карда шудааст ва тамоми таронаву оҳангҳо бо мувофиқа бо шӯрои мазкур ба роҳ монда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Комилҷон, пионинонавози ҷавон, дар сӯҳбат ба мо аз тасмими ҳукумати вилояти Суғд барои пешрафти фарҳанги миллӣ истиқбол кард. Вале гуфт, “дар пайи ин, табиист, ки нархи консерт, тӯю маъракаҳо низ боло меравад. Агар ҳоло арзиши билети консерт дар вилоят аз 10 то 20 сомониро ташкил диҳад, пас агар дар оянда ягон ҳунарманд консерти худро бо овози зинда пешкаш намояд, он ҳатман то 50 сомонӣ ва ё аз он ҳам зиёдтар арзиш пайдо мекунад, ки ин барои кисаи мардум зарба мезанад.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Дар ЧАЛАСАИ ВАСЕЪИ ХУКУМАТИ чаноби АБДУРАХМОН КОДИРЙ бештар дар мавзуи чаро БАРК набуд, сухбат кунед. Охир шумо мардумро ДЕВОНАВУ АХМАК мешуморед? Айб нест магар?

Асил
“дар пайи ин, табиист, ки нархи консерт, тӯю маъракаҳо низ боло меравад. Агар ҳоло арзиши билети консерт дар вилоят аз 10 то 20 сомониро ташкил диҳад, пас агар дар оянда ягон ҳунарманд консерти худро бо овози зинда пешкаш намояд, он ҳатман то 50 сомонӣ ва ё аз он ҳам зиёдтар арзиш пайдо мекунад, ки ин барои кисаи мардум зарба мезанад.”
__________________________________________________
Тавба! Ба хаминашам мардуми бечора гунахгор. Хофизи хуб дар 10-20 сомониам зинда месарояду дар дигарашам, аммо хунар ки надошта бошед агар 100 сомони дихем хам овозатон аз к.... намебарояд....Искандар,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)