Ҷаримаи 10 овозхон ва 4 мансабдор аз сӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо
Тайи 12 моҳи соли 2013, 10 овозхон ва 4 мансабдори тоҷик барои нақзи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ҷарима шудаанд. Дар ин бора ба “Озодагон” аз Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Афшини Муқим, сухангӯи ин кумита мегӯяд, дар маҷмӯъ дар ин давом 394 ҳолати нақзи қонуни мазкур ба қайд гирифта шудааст. “Миёни онҳое, ки қонунро вайрон кардаанд, шахсонои дорои касбу кори гуногун дида мешаванд. Аз ҷониби кормандони раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумита нисбат ба 73 ҳолати қонуншиканӣ дар соли 2013 чораандешӣ шудааст”,-афзуд номбурда.
Аз ҳама бештар ҳолатҳои нақзи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” миёни соҳибкорон (24 нафар) сабт шудааст. “Як тоҷир, 10 сароянда, 4 муҳоҷири меҳнатӣ, 3 бознишаста, 2 омӯзгор ва як ронанда низ дар мин миён ҳастанд”,-афзуд Афшини Муқим. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |