Тирпаронии навраси рус дар мактаб ва талошаш барои гаравгонгирӣ
Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, тақдири наврасе, ки дар мактаби миёнаи № 263-и Маскав тирпаронӣ карда, мехост донишомӯзонро ба гарав гирад, баъд аз ташхиси равонӣ маълум хоҳад шуд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳоло омилҳои даст ба тирпаронӣ задани навраси рус мавриди омӯзиш қарор буда, муфаттишон иқдоми худ алайҳи ӯро баъд аз натиҷаи ташхиси равонӣ эълон хоҳанд кард. Зуҳри рӯзи 3 феврал расонаҳои русӣ аз тирпаронии як донишомӯзи синфи болоӣ дар мактаби № 263-и Маскав ва талоши ӯ барои гарав гирифтани хонандаҳо хабар дода буданд.
Ба иттилои манбаъ, ин навраси мусаллаҳ тахминан сотаҳои 12:00 вориди мактаб шуда, бо истифода аз силоҳи оташфишон талош кардааст, беш аз 20 хонандаи синфи 10-уми таълимгоҳро ба гарав гирад.
Аммо дар пайи амалиёти кормандони умури дохилии Русия тамоми донишомӯзон озод ва шахси гумонбар боздошт шудааст. Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи ин амалиёт ду нафар, аз ҷумла як муаллим кушта шуда, як нафари дигар захм бардоштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |