Бар асари сониҳаи нақлиётӣ дар дидбонгоҳи БДА як ҷавони 22- сола ба ҳалокат расид.
Тавре аз шўъбаи ташфиқоту тарғиботи РБДА ба хабаргузории «Озодагон» титтилоъ доданд, рӯзи гузашта дар ноҳияи Данғара, ронандаи автомашинаи «КАМАЗ»- Сироҷ Обудиннови 29- сола ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба тарафи ноҳияи Ховалинг дар километри 88-уми роҳ дар назди дидбонгоҳи шўъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар деҳаи Балхӣ ба самти муқобили роҳ баромада, ба автамашинаи «Деево Сиело» таҳти идораи Акмал Ниёзови 22- сола бармехӯрад. Дар натиҷа сарнишини сабукрав дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ба иттилои манбаъ, аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 789 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки зимни ин сониҳаҳо 247 нафар ба ҳалокат расида, 901 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. {jathumbnail off}
Мӯҳр