Боздошти лидерони "Абрешимчӣ" баъди бозгашт аз Дубай
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти ду саркардаи гуруҳи мавсум ба “Абрешимчӣ” дар шимоли кишвар, ки худро “Лашкари ислом” низ меноманд, хабар медиҳад. Тибқи иттилои ин ниҳод, Фирӯз Қурбонов ва Фатҳулло Раҷабов дар авбошӣ, тамаъҷӯӣ ва куштор муттаҳам мешаванд, ки чанд муддат дар Дубай зиста, баъд аз бозгашт ба Хуҷанд боздошт шудаанд.
Кумитаи анияти миллии кишвар мегӯяд, афроди боздоштшуда, ки гӯиё ба хотири тарсондани сокинон, дар қафаси синаҳояшон акси моҳу ситора ва шерро нақшбандӣ кардаанд, худро узви лашкари Ислом ном гирифта, аз бесаводии мардум сӯистифода мекардаанд. Ба иттилои манбаъ, алайҳи афроди боздоштшуда бар асоси моддаи 250-и қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Абдумаҷид Халилов, Набиҷон Собиров ва Зоҳирҷон Бобоев, ки ҳамагӣ сокинони вилояти Суғд будаанд, аз сӯи кормандони вилоятии Кумитаи амният боздошт ва ду нафарашон барои 10-солӣ ва як тани дигар 11 сол равонаи зиндон шуда буданд.
Гуфта мешавад, ин афрод дар шаҳри Хуҷанд ва берун аз он ба авбошӣ, тамаъҷӯӣ ва куштор машғул буда, ба қавли кормандони кумита гуноҳашонро иқрор кардаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |