Бахшҳо
29 янв 2014 09:33Тоҷикистон / Сиёсат

Рамазон Раҳимов дар Исфара ва сӯҳбаташ бо маъмурони пулис

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, ду рӯз боз дар минтақаи шимоли кишвар қарор доштааст. Сухангӯи ВУД, Ҷалолиддин Садриддинов, рӯзи 29 январ дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, оқои Раҳимов дар пайи ин сафараш бо масъулони Шӯъбаи умури дохилии Исфара сӯҳбат карда, аз вазъият дар марз низ огоҳ хоҳад шуд.

Аммо сухангӯи Вазорати умури дохилӣ нагуфт, дар сӯҳбати Рамазон Раҳимов бо маъмурони пулиси Исфара чӣ масоиле баррасӣ шудааст ва оё мавзӯи марги Умедҷон Тоҷиев, узви зиндонии ҲНИТ, низ матраҳ буда, ё не. Бо ин ҳол, ин сафари Рамазон Раҳимов ба Исфара дар ҳоле сурат мегирад, ки мавзӯи марги Тоҷиев дар пайи шиканҷаи маъмурони пулиси Исфара ин шабу рӯз доғ шудааст.

Худи масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ дар нишасти хабарии ин ниҳод, ки рӯзи 27 январи соли ҷорӣ бе ҳузури Рамазон Раҳимов баргузор шуд, гуфтанд, чаҳор нафарро барои марги Тоҷиев муҷозот кардаанд.

Умедҷон Тоҷиев, ки 30 октябри соли гузашта дар Исфара барои “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда, аммо пас аз ду рӯз худро аз ошёнаи севуми бинои пулиси Исфара ба зер афканда буд, 19 январи соли ҷорӣ дар бемористони боздоштгоҳи Хуҷанд ҷон додааст. Вай ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз СИЗО ба бемористон интиқол ёфта буд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
сабзали
рам азон рахимов ба исфара рафти чинояти куштори оилаи халлоковхоро кушода пас бояд баргардад ин чи хел макомот ки ду чинояти куштори мудхиши ду ойиларо наметавонад кушояд президент бояд уро дубора бароийи хамин ду ч ингояти нокушода таййин намекард.

Делои чиноиро махкам намудаанд.Гунахкорони марги Умедчонро аз як вазифа гирифта ба вазифаи дигар мемонанд.Боз чи мехохед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)