“Биё, ай нозанинам” - нахустин таронаи Баҳром дар PMC (ВИДЕО)
Таронаи “Биё, ай нозанинам”-и Баҳром Ғафурӣ, сарояндаи попи тоҷик нахустин клипи ӯст, ки тавассути PMC намоиш дода шуд.
Ин клип бори нахуст 20 январ ба эфир баромад ва тибқи қарордоди ширкати “ТопМедиа” бо ин шабакаи маъруфи мусиқии форсизабон ҳамарӯза ду се маротиба пахш мегардад.
Дар гузашта ин шабака чанд таронаи Садриддини Наҷмиддин, хонандаи номовари тоҷикро ҳам манзур карда буд.
Беҳрӯз Зеваров, раҳбари ширкати “ТопМедиа” ба “Озодагон” гуфт, онҳо муваффақ шуданд, ки раҳбарияти PMC-ро мутақоид созанд, то таронаҳо ба забони тоҷикиро ҳам намоиш бидиҳад. “Биё, ай нозанинам” клипест, ки дар Тоҷикистон наворбардорӣ ва таҳия гардидааст”,-афзуд ӯ.
Раҳбари ширкати “ТопМедиа” меафзояд, тибқи шартнома бо PMC, ояндаи наздик тавассути ин шабака клипҳои Ҷонибек Муродов, Ховар Муродов ва Таҳмина Ниёзова низ пахш хоҳанд шуд.
Бароми Ғафурӣ, яке аз хонандаҳои муваффақи попи Тоҷикистон аст. Соли 2011 дар расми тақдими ҷоизаҳои Big Apple Music Awards-и Амрико ширкат намуда, "Беҳтарин овозхони ҷавони Тоҷикистон" шинохта шуд.
"Муҳоҷирбача", "Модар", "Биё-биё", "Умри ман", "Чашми сиёҳ", "Шаробӣ" ва "Омадам" аз таронаҳои маъруфи Баҳроманд.
Дар филми "Сукут"-и коргардон Cироҷиддини Ғафурӣ нақш ҳам офаридааст.
Баҳроми Ғафурӣ 24 сентябри соли 2013 бо ширкати продюсерии "ТопМедиа" шартномаи ҳамкорӣ имзо кард.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |