Қосим Қосимов эълон кард, аз ӯ Қосими Роҳбар ном баранд
Қосим Қосимов, вазири кишоварзии Тоҷикистон, рӯзи 24 январ тайи як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ният дорад, пасванди “ов”-у “вич”-и русиро аз насабаш ҳазф кунад ва ба ин манзур ба мақомот низ ариза пешниҳод кардааст. Вай афзуд, минбаъд ба ҷои Қосим Раҳбарович Қосимов аз ӯ Қосими Раҳбар ном бурда шавад.
Ҳазфи пасвандҳои русии “ов”-у “вич” аз ному насаби мансабдорони тоҷик дар пайи даъвати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи марти соли 2007 сурат мегирад. То кунун чанде аз мансабдорон дар пайравӣ ба раисиҷумҳур, ки ному насаби худро аз Эмомалӣ Раҳмонов ба Эмомалӣ Раҳмон табдил додааст, аз баҳри “ов”-у “вич” гузаштаанд. Ахиран Шерхон Салимзода, додситонии кулли Тоҷикистон, дар ҷаласаи солонаи ҳукумат аз таваҷҷуҳи зиёди шаҳрвандони кишвар ба насабгузорӣ тариқи пасвандҳои “ов” ва “вич” интиқод намуда, онро далели заъфи ғояи миллии афроди алоҳида хонд.
Бо ин ҳол, Қосим Қосимов далели ба варианти тоҷикӣ гардондани ному насабашро нагуфт ва танҳо ишора кард, ки қиссаи номгузории ӯ таърихи тӯлонӣ дорад. Оқои Қосимов аз соли 2008 то кунун вазири кишоварзии Тоҷикистон аст. Вай ба ин мақом баъд аз тақрибан ду соли барканорияш аз мақоми раиси вилояти Суғд омадааст. Вай, ки аз соли 1996 то 2006 раиси вилояти Суғд буд ва яке аз афроди наздик ба Эмомалӣ Раҳмон дониста мешуд, ба таври ногаҳонӣ аз мақомаш барканор гардида, ҳатто ду сол мансаб надошт ва танҳо ба ҳайси раиси дафтари Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Суғд кор мекард.
Номи Қосим Қосимов дар охири соли 2003 ва аввали 2004 бо нашри чанд матлаби интиқодомези нашрияи мустақили “Рӯзи нав” вирди забонҳо шуд ва баъдан ба яке аз қаҳрамонҳои матбуот табдил ёфт. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |