Ҳимояти Муҳиддин Кабирӣ аз "Ҳанафия" дар Эрон
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бар инаст, ҳар кӣ дар Осиёи Миёна алайҳи арзишҳои мазҳаби “Ҳанафӣ” таблиғ ва мубориза мебарад, душмани Ислом бояд хонда шавад.
Раиси ҲНИТ, ки дар ҳошияи 27-и Иҷлоси байналмилалии “Ваҳдати Исломӣ” дар Теҳрон бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот дошт, гуфтааст, ҳар кас зидди омӯзаҳои “мазҳаби “Ҳанафӣ” дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон фаъолият ва таблиғ мебарад, душмани Ислом ва миллат шинохта мешавад."
Муҳиддин Кабирӣ ба донишҷӯёни тоҷик дар Эрон таъкид кардааст, ки тӯли садсолаҳо мешавад, мардумони Осиёи Миёнаро дини Ислом ва мазҳаби “Ҳанафӣ” дар канори ҳам ҷамъ кардааст ва ба миён омадани равияву мазоҳиби дигар дар минтақа боиси низоъ ва нооромӣ хоҳад шуд. Раиси ҲНИТ илова намудааст, "шояд бархе нафарон ақидаву андешаи худро саҳеҳ ва яқин донанд, вале шароиту воқеияти Осиёи Миёна ин аст, ки таҳаммули пазириши андеша ва мазҳаби ғайри “Ҳанафӣ”-ро надорад."
Ин дар ҳолест, ки дар муқаддимаи Қонуни нави Тоҷикистон оид ба дин ҳам навишта шудааст: “Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |