Ҳушдори Хадамоти муҳоҷират аз зуҳури гуруҳҳои фиребгар дар Тоҷикистон
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, дар қаламрави кишвар гуруҳҳо ва афроди алоҳидае пайдо шудаанд, ки ба ивази маблағ ба шаҳрвандон дар бораи ихроҷашон аз Русия маълумоти беасос пешниҳод мекунанд.
Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, гуруҳҳои алоҳида аллакай дар ноҳияи Ҳисор, Шаҳринав, Қумсангир ва навоҳии дигар аз сокинон аз 30 то 50 сомонӣ гирифта, барояшон дар бораи иҷозаи вуруд ба Русия иттилоъ медиҳанд: “Ин аз ноогоҳии шаҳрвандони мо сурат мегирад. Борҳо эълон кардем, ки иттилоъ дар бораи манъи вуруди ин ё он шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия ройгон дар фурудгоҳи Душанбе, дафтарҳои Хадамоти муҳоҷират ва худи сомонаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия пешниҳод мешавад.”
Қодирӣ таъкид намуд, ки таваҷҷуҳ ба иттилоъ дар бораи иҷозаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия баъди пурзӯр шудани қонунгузории Русия дар умури муҳоҷират афзоиш ёфт. Ин масъул афзуд, ки аз аввали соли 2014 муҳоҷиран бояд дар муддати се моҳ дар Русия аз қайд гузаранду иҷозаи корро дастрас кунад: “Дар акси ҳол бояд ба Тоҷикистон баргарданд. Инчунин назорати қайди муҳоҷирон дар Русия пурзӯр шудааст.”
Дар маҷмуъ ба гуфтаи Қодирӣ баробари ФМС ва ФСБ-и Русия 11 ниҳоди ин кишвар ҳақ доранд, монеи вуруди хориҷиён ба Русия гарданд. Ӯ таъкид намуд, ки феълан зиёда аз 72 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |