Қасди қочоқчиён барои куштори шарики боздоштшуда дар Ишкошим
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон зимни як амалиёти муштарак бо мақомоти умури дохилӣ дар байни деҳаҳои Сумчин ва Яхшиволи ноҳияи Ишкошим сокини 20-солаи шаҳраки Борак, улусволии Ишкошими Афғонистон Шафӣ валади Хайрмаҳмад боздошт карда шуд.
Ба иттилои манбаъ дар рафти боздошти Шафӣ валади Хайрмаҳмад ҳаммаслакони ӯ аз қаламрави давлати Афғонистон аз силоҳи оташфишон тир кушоданд: “Дар натиҷа Шафӣ валади Хайрмаҳмад аз пояш захмӣ гардид.”
Агентии назорати маводи нашъаовар афзуд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз боздоштшуда як халтаи синтетикӣ дарёфт гардид, ки дар дохили он бастаҳои маводи мухаддир дар ҳаҷми 8 килограм қарор дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |