“Шояд ғайриинтизор бошад, вале Эмомалӣ Раҳмон Худо нест!”
Марат МамадшоевРустами Эмомалӣ, раиси хадамоти гумрук ва писари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар назди падараш Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот дод.
Ӯ гузориш дод, ки нақшаи пардохтҳои гумрукӣ барзиёд иҷро шуд ва писару падар ба назар розӣ менамуданд. Дигарон низ зоҳиран розӣ буданд.
Барои ман аҷоиб, ки кори якҷояи падару писар минбаъд чӣ гуна сурат мегирад? Оё раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо Рустами Эмомалӣ, ки дар дар тобеияташ аст, чун бо мансабдорҳои дигар муносибат мекунад? Ӯро монанди дигарон интиқоду оммавӣ сарзаниш мекунад?
Умуман оё дар ҷаҳон ҳаст падаре, ки кори фарзандашро мунсифона ва бетарафона баҳогузорӣ кунад? Ин суол ҷавоби қотеонаи манфӣ дорад- дар ҷаҳон падари беҳиссиёт ё худ робот нест. Танҳо Худо метавонад, бо офаридааш мунсифона ва аз рӯи адолат муносибат кунад. Аммо Эмомалӣ Раҳмон Худо нест. Гарчанде барои бархе аз атрофиёнаш шояд ин ғайриинтизор садо диҳад.
Бесабаб нест, ки қонунгузории аксари кишварҳо фаъолияти хешовандонро дар як шохаи ҳокимият қатъиян манъ карда, онро як шакли фасод хондааст. Фикри омма низ дар бисёри давлатҳо мухолифи чунин тартиби оилавии хизмат дар давлат мебошад.
Албатта ҳастанд, шаҷараҳои оилавии бонкдорҳо, ҳунармандон ва тоҷирон, ки писар зери назорати падар нозукиҳои касбашро меомӯзад, то баъдан ҷойашро гирад. Аммо Тоҷикистон бонку фирма ё худ ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд нест, ки ба як оила тааллуқ дошта бошад. Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |