Масъулони "Сафина": Хомӯшии мо супориши боло нест
Карим Азизов, муовини раиси телевизиони шабакаи “Сафина” имрӯз, 16-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе, “хомӯшӣ”-и шабакаро дар мавриди танишҳои марзӣ шарҳ дода, гуфт, он “супориш аз боло” нест.
Азизов гуфт, танишҳои ахири марзӣ бо Қирғизистон масъалаи ҷиддии сиёсӣ аст ва он бояд аз тарафи мақомоти қудратӣ, аз ҷумла вазорати дифоъ ва вазорати умури дохилӣ ҳал шавад. Ӯ афзуд, ки ин хомӯшии онҳо ягон супориши боло нест ва ихтиёри худи масъулини шабака аст, ки ба хотири шиддат надодани муносибати ду кишвар амалӣ мешавад: “Мо таҳаммулпазириро интихоб кардем, то ягон вокунише аз ҷониби Қирғизистон ба бор наояд. Ин масъалаи ҷиддии сиёсӣ аст, ки бояд дар сатҳи олӣ ҳал шавад.”
Ин дар ҳолест, ки таниш ва тирпарронии рӯзи 11-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як маъракаи иттилоотиро ба бор овард ва расонаҳои қирғиз ба таври густурда ҷониби Тоҷикистонро дар ин ҳодисаҳо муттаҳам инъикос карданд. Дар акс: Карим Азизов (нафари аввал аз тарафи чап) бо Лутфулло Давлатов Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |