Бахшҳо

Сафват Бурҳонов: “Вақте ғуломон ба шӯр меоянд, хушку тар якҷоя месӯзад"

Сафват БУРҲОНОВ, журналист

Ҳаммиллатони гиромӣ! Тоҷикони азиз!

Ростӣ, аз оромии мутлақи Шумо метарсам. Аз хомӯшии Шумо метарсам. Аз бесадоии Шумо метарсам. Метарсам, ки миллати мо, воқеан, алакай хӯи ғуломӣ гирифта бошад.Мехоҳам, ки чашми худро кушоед. Мехоҳам, ки воқеиятро бинед. Биёед, каме муфассал нақл кунам.

Мо солҳои 80-90-и асри гузашта зиндагии осудатаре нисбат ба кишварҳои дигари СССР доштем. Ҳарчанд кишвари мо камбағалтарин ҳисоб мешуд, аммо азбаски нафси худро метавонистем боз дорем, якбора кӯдаконамон хиёбонӣ, пиронамон пирхонаию кӯчагӣ намешуданд. Ба хотири талони нону арақ ҳамдигарро намекуштем. Омирона рӯзгор мебурдем. Ҳокимияти Маскав бо баҳонаи исломгаро шудани мо фиристод маъмуронашро, то моро қатли ом кунанд.

Дар ин бора Квачков муфассал гуфтааст. Квачков иҷрокунандаи ҳамон қатли оми мо буд. Қатли оми тоҷикон танҳо бо як мақсад, мақсади аслиҳафурӯшии "генералҳои сиёҳ"-и Русия роҳандозӣ шуда буд. Кишвари моро маркази даргирӣ сохта, аслиҳаро пинҳонӣ ба Афғонистон, Покистон ва соири мамлакатҳои ҳамсарҳаду наздики мо мефурӯхтанд. Ба номи Тоҷикистон миллионҳо аслиҳаю лавозими ҷангӣ фурӯхта шудаанд.

Аз ҷумла, Аҳмадшоҳи Масъуд бо 8 вагон аслиҳае, ки "доля"-и ҳамкорони тоҷикистонӣ буд, Толибонро, ки 95% хоки афғонро гирифта буданд, аз кишвараш ронд. Бозори калоне буд. Ҷангро, диданд, ки фалокатзо шуд, зуд хотима доданд. Соддалавҳист, бовар кардан, ки ягон "лидер"-и мо ҷангу сулҳ карда бошад. Квачков сар кард, Богдасаров тамом кард.

Аммо аз кишвари мо даст набардошта буданд ва то ҳоло намебардоранд.

Дар ҷанг якбора қатли ом мекарданд, ҳоло қатли оми тадриҷӣ мекунанд. Генералҳои сиёҳ бозорашонро тағйир доданд. Моро ғулом карда, мисли мол харидуфурӯш карданд ва мекунанд. Ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ хеле густарда аст. Бозори ғуломфурӯшӣ то 400 миллиард доллар гардиш дорад.

Чи дар мо ва чи дар Африқо, ин гурӯҳи ҷиноӣ ҳокимияти ҳарбӣ ва иҷтимоиро харида, ба манфиати худ истифода мекунад. Дар кишвари мо низ мудофиа, маориф ва тиб пурра дар идораи онҳоянд. Ин ҷо шояд касе норозигӣ баён кунад, аммо бо факт мегӯям:

а)
Мудофиа. Барои мудофиа дар як даъват 3-5 ҳазор аскар даркор. Аммо хилофи Конститутсия ва қонунҳо рӯирост ҳокимияти ҳарбӣ ОДАМРАБОӢ мекунад. "Облава" ғайриқонунӣ ва ҷинояти вазнин аст, ки бори охир даъватномаи комиссариати ҳарбиро дидааст? Ҳокимияти ҳарбӣ 100% хостаҳои бозори бардафурӯширо бароварда мекунад.

б) Маориф. Маълумот низ мол аст. Хариду фурӯш мешавад. Аз рӯи он ки талабот ҳаст, яъне миллат ҳоло зинда ва ба умед аст. Аммо мо ягона кишварем, ки ба ивази пул ба халқи худ маълумот намедиҳем. Шуъбаҳои шартномавӣ ҳатто маҳдуданд. Чаро пули мардумро гирифта, маълумоти олӣ намедиҳем? 1000 баҳона меоранд, аммо масъулони бозори бардафурӯшӣ онҳоро харидаанд ва махсус садди роҳи маълумотнокии аҳолӣ мешаванд. Барои бозори бардафурӯшӣ бесавод даркор аст!

в) Тиб. СПИД-у гепатиту малярияю... механизмҳои дар чорчӯба нигоҳ доштани ғуломанд.

Мақсад аз ин ҳама, моли бозорро (яъне моро -- ғуломонро) зери тарси ҳамешагӣ ва ноумедӣ карор додан аст, ки хеле муваффақ ҳам ҳастанд.

Аммо мехоҳам ҳам ҳукумат ва ҳам миллатро ҲУШДОР (!!!) диҳам. Агар холо ки дер нашудааст, миллатро аз бозори бардафурӯшӣ берун накунем, оқибати мудҳиш моро интизор аст. Бӯи бадашро мешунавам!!!

Спартакро ёд оред!!! Равед пеши Ҳошим Гадою пурсед, ки чаро орзуяш гузоштани "Спартак" аст? Вақте ғуломон ба шӯр меоянд, "хушку тар якҷоя месӯзад". Барои ҳукумату халқи мо аллакай барнома ва ашхоси мутасаддӣ тайёранд. РБК "просто так" "царство Рахмона" намекунад. Ба Спартак руҷӯъ кунед!!!

(Барои онҳое, ки аз ман хоин сохтанӣ мешаванд, мехоҳам таваҷҷӯҳ кунанд, ки чунин суханҳоро дар Душанбе буданам садҳо бор навистаам ва аз берун сӯи Ватан санг намезанам)
Мӯҳр
Нозир
Сухтанатон бехуда аст бародар, гуломиро кайхо кабул кардаем.

WWW
Офарин нафарони руиростгапро Худованд нигахбон бошад!!!!!!!!!

Точикак
Савфат кучо рафта бошад аз Ватан, ахиран хамин мардак хам наход мусофир шуда бошад?

Ser
Ба ин мансабдорону чиновникхои Мо ин суханон хамчун фарёд дар биёбон аст!!!!! Медонанд, медонанд, аммо намехоханд амали солехеро рохандози намуда, миллатро аз варта рахонанд...Худашон ку серу пур ва катаги карда мегарданд, бачахошон низ бардаги намераванд... Бигзашта равад савора аз рох чу бод, Аз холи пиёда кай хабардор шавад...Ба назарам инхо то даме, ки гур месузаду дег мечушад, парвое надоранд...Аммо як чизро фаромуш набояд кард: Пш аз устухонро хурдан, андешаи хазмашро низ бояд кард...Мутаассифона чиновникхои мо ана хамин андешаро надоранд...

Хонанда
Ба газаб ва чолиб шуруъ кардеду даррав тамом кардед. Ман хамчун хонанда пас аз шуруи макола интизори тахлили васеътар будам.

умар
Савфат бародор ман шумора сахт эхтиром мекунам, и медони мумкин мисли шумо вокеията дидану гуфтан дар ватан ангуштшумор бошад вакте шумо менависид , гурури точикиам баланд мешавад! Ман 14-сол шуд ба руссия омада кор карда рафта истодаам худора шукр ,чанд бор хостам нашуд дар ватан

гуломи Худо
чанде пеш баъди хабари то 15 руз дароз кардани мухлати ба кайд монии мухочирони точик ва то 3сол дароз кардани ичозатномаи кори бо чанд хамватанон бахс кардам.ки ин хуб аст е не.. Фикри ман ин ки ин хамон бардафурушист факат дар сатхи оли.

Мӯҳтарам маъмури ин саҳифа ва кормандониОзодагон!
Акнун фаҳмидам, ки Шумо ҳам сахт метарсидаед! То кай ин тарсуӣ!!!!!!!Рӯзе Ковае пайдо хоҳад шуду аз гӯлуи ҳаматон хоҳад гирифт!
Зинда бод Зайд Саидовҳо! Зинда бод Маҳмадрӯзи Искандаров баринҳо!
Зинда бод Мӯъмин Қаноату Гулрухсор!

Хайдуло
Сафват! Барои тахлили вокеъбинона рахмат.
Бовар дорам,
Мерасад марде, ки занчири гуломи бишканад,
Дидаам аз равзани девори зиндони ШУМО!

Сафват узр, ҳамин РБК "просто так" "царство Рахмона"-ро ба тафсил шарҳ медодед?- ман наишта истодаам.

рохнамо
ба дилшод рахими да интернет хамихел навис рбк просто так царство рахмона хамаш мебуро

Шермардони Точик зинда бошед. Худованд сафатонро зиед кунад. Охир то ба кай мо аз хакикат руй пушем бояд хакикатхо руи об шаванду хак ба хакдор расад. Каме хам бошад ба дили сухтаи Точик махрам пошидед. Ташаккури дорам Сафват Бурхонов.

мхочир
Бародар шумо нав фахмидед,ки Точико гуломанд.Оё гуломи ягон нишона дигар дорад ?
Милате,ки барои бехбудии вази ичтимои.Иктисоди ва сиёсии худ хатто аз сухан кардан ё этирозе кардан тарс дорад. Аз ин милат чи умед аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)