Ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия 2 ҳазор рублӣ ҷарима кардаанд
Ду шаҳрванди Тоҷикистон барои нақзи қонуни муҳоҷирати Русия 2 ҳазор рублӣ ҷарима шудаанд.
Торнамои прокуратураи Русия навиштааст, ки ин ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳ бо ду табааи Узбакистон ғайриқонунӣ дар як ферма, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Елетски вилояти Липетск кор мекардаанд. Ин муҳоҷирон, ки аз онҳо ном бурда нашудааст, иҷозаи кор дар ин фермаи чорвопарвариро надоштаанд.
Прокуратураи ноҳияи Елетск алайҳи соҳибкоре, ки муҳоҷиронро ғайриқонунӣ ба кор ҷалб кардааст, чор парванда боз намудааст. Гуфта мешавад, ӯро аз 25 то 50 ҳазор рубл ҷарима интизор аст. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |